Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба қадри ду гавҳари ноёб бояд расид!

Ба қадри ду гавҳари ноёб бояд расид!

5-01-2023, 11:30
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
Ба қадри ду гавҳари ноёб бояд расид!

Дар рафти ҷаҳду талошу саргармиҳои зиндагӣ гоҳо инсон ба як махлуқи худхоҳу бемурувват табдил меёбад ва мехоҳад ҳама чиз ба хосту муроди дилаш анҷом ёбад. Мутаассифона, баъзан кор то ҷое мерасад, ки тамоми марзҳоро убур карда, нисбат ба падар ва модари хеш, ки барои ҳастии вай васила ё сабаб гаштаанд, носипосӣ мекунад ва ба муқобилашон парчами исён бармедорад.

Падару модар ду гавҳараки дида ва дурри гаронбаҳоянд, ки сабаби ба ҳаёт омадан ва бакамолрасии мо мебошанд. Онҳо моро аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддию маънавӣ бархӯрдор ва комгор гардонда, дар роҳи тарбияи фарзанд чӣ ранҷҳову заҳматҳое накашидаанд. Дар баъзе маврид аз аксари лаззатҳо ва неъматҳои дунё ба хотири фарзандон рӯй гардондаанд.
Волидайн дар ранҷурии фарзанд ранҷуранд ва аз хурсандии фарзанди хеш болидахотир. То ба камол расидани фарзанд чӣ ранҷу машаққатҳое намекашанд, ожангҳо дар чеҳраи зебои онҳо пайдо мешавад, қомати чун сарви онҳо хам мегардад. Онҳо бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд, з-ин рӯ ба фарзандон воҷиб аст, ки волидайнро эҳтиром намоянд.
Пӯшида нест, ки инсон аз рӯзҳои аввали ба ҳайси як мавҷуди кӯчак ба дунё омаданаш, мудом рӯи дасти волидон аст. Яъне, машаққату ранҷе, ки мо дар айёми тифлӣ ба падару модари хеш медиҳем, хеле зиёд аст, вале дар муқобили он волидон ҳамеша ба мо меҳрубонӣ мекунанд. Меҳрубонии онҳо ба ҳаддест, ки сарҳади бузургии шафқати падару модар ва азиятҳои кашидаи онҳоро ҷуброн кардан ғайриимкон аст. Аз ин нуқтаи назар, ҳурмату қадршиносии волидайн барои ҳар як фарзанд қарзи инсонисту вазифаи имониву виҷдонӣ маҳсуб меёбад.

Оре, бе роҳнамоии падару модар инсон ба сахтиҳои зиёди рӯзгор дучор мегардад. Падару модар моро ба роҳи инсондӯстӣ, ростиву ростқавлӣ, дӯстиву рафоқат ҳидоят мекунанд.
Ёдовар бояд шуд, ки зиндагии ҳар як шахс аз батни модар сарчашма мегирад. Модар нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз тифлро дар батнаш нигоҳ дошта, аз рӯзи тавлидаш бо навозишу хониши суруди “Алла” фарзандашро бузург мекунад. Аз овони тифлӣ модар ӯро тарбия намуда, ба зиндагӣ қадамҳои аввалин гузоштанро меомӯзонад. Аввалин калимае, ки фарзанд ба забон меорад, ин калимаи “Модар” мебошад. Падар низ дар тарбияи фарзанд саҳми арзандае дорад, бо панду насиҳатҳои худ барои фарзанд намуна аст. Фарзандоне, ки ҳурмати волидайнро ба ҷо намеоранд, ба эшон гапгардонию забондарозӣ мекунанд, падару модарро аз зиндагии ширин дилсард месозанд ва волидайн аз рӯйи он фарзанди нохалаф дар байни мардум беобрӯ мешаванд, ки дар ин маврид овардаанд:

Фарзанди хуб – боғи падар,
Фарзанди бад – доғи падар.


Ҳар ки нисбат ба падару модар кӯтоҳандешӣ кард, ба фармудаи Офаридгор муқобил баромадааст ва ҳар ки онҳоро хор кард, дер ва ё зуд худаш ҳам хорӣ мебинад.
Хулоса, беэҳтиромӣ нисбат ба падару модар ва озурдани хотири эшон на танҳо кори хато, балки гуноҳи азимест, ки бештар дар айёмӣ ҷавонӣ содир мешавад. Маҳз дар ҷавонӣ ноогоҳона аз сари ҷаҳлу ғафлат волидонро меранҷонем, ба онҳо гапгардонӣ мекунем, дилашонро мешиканем. Ёдовар шудани ин масъала ҳам ба ҳамин хотир, яъне як нав таъкиду хотиррасон кардан ба ҷавонон аст, то дар ҳурмату қадршиносии падару модар кӯтоҳандешӣ накунанд. Бошад, ки дар оянда фарзандони мо низ ба қадру манзалати мо расанд ва эҳтиромамонро ба ҷо биоранд.
Зеро ҳар он чи мо бо падару модари хеш мекунем, дар оянда фарзандони мо низ ба мо ҳамин гуна рафтор мекунанд.

Наргис ШАМСОВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: