Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД ВАЗИФАИ ҶОНИИ ВОЛИДАЙН АСТ

ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД ВАЗИФАИ ҶОНИИ ВОЛИДАЙН АСТ

8-01-2024, 14:32
Хабарро хонданд: 132 нафар
Назарҳо: 0
ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД ВАЗИФАИ ҶОНИИ ВОЛИДАЙН АСТ

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор дорад, ин тарбияи дурусти фарзанд мебошад.
Тарбияи дуруст ва муҳити солими кӯдак бояд аз даврони дар батни модар будан ва аз рӯзҳои нахустини таваллуди ӯ ибтидо гирад.
Бинобар ин, дар суннати ниёгони мо аз рӯзи таваллуд ба тарбия ва таълими кӯдак аҳамияти хоса медоданд ва ин суннати дерина ва устувор то имрӯз идома дорад.
Бояд зикр кард, ки масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд солҳои охир ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст. Зеро рафтору кирдори зишт ва ношоистаи бархе аз наврасону ҷавонон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст.
Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва бонангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош мекунанд.
Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду пешрафти ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷоии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад.
Ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардидааст. Ин қонун барои беҳдошти ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар мегардонад.
Падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълимро фароҳам оваранд. Зеро, имрӯзҳо ба назар мерасанд оилаҳои ҷавоне, ки бинобар сабаби надоштани таҷрибаи кофии оиладорӣ ва дониши мукаммал барҳам мехӯранд.
Дар ин росто, волидайн вазифадоранд, ки инкишофи қобилияти фарзандонро фароҳам оварда, ба шаъну шарафи инсонии онҳо эҳтиром гузошта, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд, бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ намоянду пайваста аз ҷараёни донишандӯзии фарзандони худ бохабар шаванд.
Мо, падару модаронро зарур аст, ки масъулиятшинос бошем, дар амалӣ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бетарафӣ ихтиёр накарда, баръакс, кӯшиш намоем, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоем, зеро ин қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дарбар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд аст.

Г
. Зиёбидинова,
узви фаъоли ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: