Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » НАҚШИ ВОЛИДОН ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

НАҚШИ ВОЛИДОН ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

30-08-2022, 14:58
Хабарро хонданд: 976 нафар
Назарҳо: 0
НАҚШИ ВОЛИДОН ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
Муҳити хонаводагӣ ва фазои фарҳангии он ба ташаккули минбаъдаи шахсияти кӯдак таъсири бузург мерасонад.
Меҳри ҳар як фарзанд нисбат ба падару модар беканор ва беандоза аст. Гузашта аз ин, агар дар қадами аввали ҳаёт муҳаббат ба волидайн ва амнияти шахсии ӯро таъмин карда бошад, пас дар баробари калон шудан меҳри волидон вазифаи нигоҳдорӣ ва ҳифзи ҷаҳони ботинӣ, эҳсосӣ ва равонии инсонро бештар иҷро мекунад. Муҳаббати падару модар сарчашма ва гарави некӯаҳволии инсон, нигоҳ доштани солимии ҷисмӣ ва рӯҳӣ мебошад.
Хусусияти муҳимтарини муоширати тарбиявии диологӣ ин муқаррар кардани баробарии мавқеи кӯдак ва калонсолон мебошад.
Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷа ва асосии волидайн аз он иборат аст, ки ба кӯдак боварӣ ҳосил кунанд, ки ӯро дӯст медоранд ва дар ҳақаш ѓамхорӣ мекунанд. Ҳеҷ гоҳ, дар ҳеҷ сурат, кӯдак набояд ба муҳаббати волидайн шубҳа дошта бошад. Табиӣ ва заруртарин вазифаҳои волидайн ин аст, ки фарзанд дар ҳар синну сол бо муҳаббат ва эҳтиром муносибат кунанд.
Аксар волидайн бар ин боваранд, ки дар ҳеҷ сурат набояд ба фарзандон муҳаббат зоҳир кард, зеро вақте кӯдак дӯст доштани ӯро хуб медонад, ин боиси вайроншавӣ, худхоҳии кӯдак мегардад. Ин даъво бояд қатъиян рад карда шавад, зеро меҳри модар андоза надорад. Яъне, хонавода аз муҳимтарин воҳид ва рукни тарбия дар ҷомеаи инсонӣ ба шумор меравад. Ба волидайн лозим аст, ки ба кӯдаки худ таълиму тарбияи дуруст диҳанд, зеро ӯ ба ин ҳаққу ҳуқуқи комил дорад. Агар падару модар намунаи ибрат бошанд ва фарзанди худро бо гуфтор ё амали нек тарбия дода бошанд, фарзанд ҳам ба онҳо бе чунучаро пайравӣ карда, дар ҷомеа корҳои хайрро анҷом медиҳад.
Масоили оиладорӣ ва тарбияи дурусти кӯдак имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор мераванд. Бояд гуфт, ки оила институти муҳимест, ки дар он кӯдак ба воя расида, нашъунамо меёбад. Одоб, ахлоқ, савод ва тарбия аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Ҳар як фард ҳурмату эҳтиромро нисбат ба калонсолон, изҳори меҳру шафқатро нисбат ба кӯдакон, рафтори дурустро нисбат ба дӯстон аз ин мактаб меомӯзад. Аммо онҳое, ки дар оила аз ҳама гуна фазилатҳо маҳрум мемонанду ноқис тарбия меёбанд, эҳтимол, сабабгори нохушиҳо дар ҷамъият мегарданд. Ҳар қадаре оила солим бошад, насли оянда низ ҳамон қадар хуб ба воя мерасад ва барои нафъи миллат ҷаҳд мекунад.
Аз ин рӯ, аҳли оила бояд ба ҳамдигар хеле эҳтиромона муносибат намоянд. Чунин тарзи рафтор дар ҳама ҳолат ба фарзанд таъсир мегузорад ва ӯ низ дар муносибат онро риоя мекунад. Гузашта аз ин, вақте худи онҳо дар оянда оила барпо месозанд, дар муносибат бо аҳли оилаи худ чунин тарзи рафтори идеалиро пайравӣ мекунанд. Равоншиносон ба ин назаранд, ки кӯдак бояд амали дурустеро чандин маротиба бинад, то ки он абадан дар зеҳну хотираш сабт гардад.
Ҳеҷ як падару модар намехоҳад, ки фарзандаш ба роҳи нодуруст равад. Барои ин ҳамеша роҳҳои хубро ҷӯё мешаванд ва ҳаматарафа дар тарбияи нек мекӯшанд. Аммо дар ҷомеаи мо ҳастанд волидайне, ки ҳам мехоҳанд фарзандашон солим тарбия ёбад, ҳам барои пешгирӣ аз роҳи бад ҳеҷ кореро анҷом намедиҳанд. Нафароне, ки дар фикри тарбияи дурусти кӯдаконашон ҳастанд, лозим нест дигар роҳҳоро имтиҳон кунанд. Зеро ҳурмату иззате, ки падару модар нисбат ба волидайни худ нишон медиҳанд, барои кӯдакон бузургтарин дарси тарбия маҳсуб мешавад. Кӯдак бояд даҳҳо маротиба бо чашми худ бубинад, ки чӣ гуна калонсолонро эҳтиром бояд кард ва танҳо дар он ҳолат ин хислат дар табиати ӯ ҷо мегирад ва таъсири худро нишон медиҳад. Аммо, агар инро ба чашм надида, дар ин бора танҳо насиҳат бишнавад, натиҷаи матлуб дер ҳосил мешавад ва ҳатто баъзан ҳеҷ натиҷае ба даст намеояд.
Хуллас, тарбияи аввалини кӯдак аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи кӯдак вобастагии калон дорад. Чӣ гуна муносибате, ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бо маърифат рӯ ба рӯ гашт, муносибати боақлона менамояд, агар бо даѓалӣ, дуруштӣ мувоҷеҳ гашт, хулқаш оянда айнан чунин мегардад.
Шамсова Наргис
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: