Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Нақши ВАО дар ҳифзи фазои иттилоотӣ

Нақши ВАО дар ҳифзи фазои иттилоотӣ

21-02-2023, 14:09
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
 Нақши ВАО дар ҳифзи фазои иттилоотӣ
Дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар доираи баргузории курсҳои омӯзишӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши ВАО дар ҳифзи фазои иттилоотӣ ва фарҳанги истифодаи интернет» баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории ин чорабинӣ - иброз дошт муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷаҳонишавӣ ва истифода аз имконоти медиа ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои пешбурди фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад. Бо ин мақсад коршиносони соҳа аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, АМИТ «Ховар», Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, рӯзномаву маҷаллаҳо, Шӯрои ВАО ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» даъват гардиданд.
Хайринисо Юсуфӣ изҳор дошт, ки бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши ВАО дар таҳкими фазои иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ меафзояд. Ба таъкиди Сарвари давлат: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.»
Аз ин хотир, таҳлили фаъолият, шинохти фазои иттилоотӣ, боло бурдани саводи расонаӣ ва тавлиди муҳтавои босифат дар шароити рақобатпазирии шадиди иттилоотӣ ногузир аст.
Намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори радиои Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Обидҷон Саидзода оид ба дастовардҳои воситаҳои электронии ахбор, ба фаъолият оғоз кардани шабакаҳои нави телевизионӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ суҳбат кард.
Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” Шамсиддинзода Субҳиддин суханронии худро ба мавзуи нақши сомонаҳои иттилоотӣ ва масъулияти онҳо барои пешниҳоди маводи саривақтӣ ва пурмуҳтаво ихтисос дод. Номбурда таъкид намуд, ки аз имконоти сомонаҳои иттилотӣ ва хусусан сомонаи хабарии «Ховар» раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, ки ин ҷо ҳузур доранд, метавонанд зиёдтар истифода кунанд ва барои пешниҳоди маводи иттилоотии ҷалбкунанда талош намоянд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Исмоилзода Зинатуллоҳ дар мавзуи “Фазои иттилоотӣ: шинохт ва воқеият” маърӯза кард. Исмоилзода Зинатуллоҳ таъкид намуд, ки ҷахонишавии босуръат чунин шароитро ба вуҷуд овардааст, ки танҳо ҷомеаҳои маънаван бой дар чунин фазои иттилоотии гуногунмазмуну гуногунсамт муваффақ мешаванд. Бешубҳа, шинохти фазои иттилоотӣ ва қиёси он барои мушаххас намудани ҳадафҳо ва авлавиятҳо ҷомеаро роҳнамоӣ мекунад. Ҷомеаи кунунӣ авлавиятҳои худро дорад, ки дарки онҳо роҳро равшан ва ҳадафҳоро ба иҷро мерасонад. Нақши ВАО дар ҳифзи фазои иттилоотӣ
Дар гузоришҳои сармуҳаррири нашрияи Садои мардум Хуҷаназари Аминиён “Оид ба асосҳои ҳуқуқии амнияти иттилотӣ”, раиси Шӯрои ВАО Ализода Ҳуринисо “Фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва саводи расонаӣ “ ва роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Хома “Акобирова Шаҳло “Истифодаи фазои маҷозӣ ва тавлиди муҳтавои босифат” паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ВАО ва шабакаҳои иҷтимоиву фаъолнокии мардум баррасӣ шуданд.
Миёни иштирокчини курсҳои омӯзишӣ ва коршиносони соҳаи ВАО саволу ҷавоби пурмуҳтаво сурат гирифт ва ба саволҳои иштирокчиёни мизи мудавввар посухҳои қаноатбахш дода шуд.
Дар ҷамъбасти мизи мудаввар муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ бори дигар аз саҳми воситаҳои ахбори омма дар ташаккули маърифати мухотабонашон изҳори андеша карда,дар асоси баромади маърузакунандагон тавсияҳои муфидеро пешниҳод сохтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: