Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳамкорӣ бо воситаи ахбори омма

Ҳамкорӣ бо воситаи ахбори омма

15-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 693 нафар
Назарҳо: 0
Баҳри ҷоннок намудани фаъолияти тарғиботиву ташвиқотӣ, дар амал татбиқ намудани ғоя ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ширкати радиои «Шаҳри ман» ва телевизиони «Ҷаҳоноро» силсилаи барномаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ таҳия намуда, манзури ҳаводорон гардонида истодааст. [/b]

Барои пешгирии зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизм якҷоя бо ширкати радиои «Шаҳри ман» барномаи мубоҳисавии «Набзи рӯз» ташкил карда шуд. Он ҳафтае як маротиба омода ва пахш мешавад. Ҳамчунин, бо мақсади муаррифии бештари фаъолият ва тарғиби ғояҳои ҳизбӣ дар радиои мазкур барномаи «Ташреҳ» роҳандозӣ карда шуд. Дар ин барнома ҳар хафта маводҳои нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» шарҳу тавзеҳ меёбанд. Шарҳу тавзеҳи матолиби нашрияҳои ҳизбӣ инчунин дар телевизиони маҳалии «Ҷаҳоноро» низ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори кумиҷроияи вилоятӣ барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Сухани халқ» рӯи кор омад, ки ҳафтае як маротиба манзури тамошобинон мегардад.

Дар баробари ин Кумиҷроияи вилоятӣ бо ширкатҳои радио ва телевизионҳои маҳаллӣ ҳамкории судмандро ҷорӣ намудааст. Хабару мақолаҳо оид ба чорабиниҳои баргузорнамуда, дар баробари интишор шудан дар ҳафтаномаи “Сухани халқ” ва сомонаи кумиҷроияи вилоятӣ боз тавассути воситаҳои ахбори оммаи электронӣ низ паҳн менамояд.

Дар сомонаҳои АМИТ “Ховар” www.khovar.tj, сомонаи марказии ҲХДТ www.hamsafon.tj, оҷонсии иттилоотии www.news.tj ва www.avestа.tj мунтазам маводҳо аз ҳаёти ҳизбиёни вилоят нашр гардида истодааст. Дар ин радиф бояд гуфт, ки барои наврасон ва ҷавонони даврони муосир воситаҳои замонавии таблиғотӣ зарур аст. Аз ин лиҳоз, дар асоси моддаи 5.2. Оиннома Кумиҷроияи вилоятии ҳизб сомонаи интернетии худро www.hhdt-sugd.tj боз ҳам фаъол гардонид. Ҳафтае 40-50 адад хабар аз ҳаёти ҳамарӯзаи ташкилотҳои ҳизбӣ ба сомона ҷой дода мешаванд. Шумораи ташрифкунандагон ба сомона низ афзуда истодааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: