Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҲАМОИШ ДАР МАВЗУИ МУҲИМ

ҲАМОИШ ДАР МАВЗУИ МУҲИМ

1-08-2022, 12:52
Хабарро хонданд: 646 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 21 июни соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сармуҳаррирони рўзномаву маҷаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои нашриявӣ ва матбааҳои шаҳри Душанбе, намояндагони муассисаҳои гирандаи нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо семинар-машварат баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур масъалаи раванди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” ва амнияти иттилоотӣ ва хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Кори семинарро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ифтитоҳ намуда, доир ба муҳим ва калидӣ будани масъалаҳои мавриди баҳс суҳбат кард.
Сипас, директори Муассисаи давлатии "Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон" Нодирзода Сайзароб дар мавзуи “Татбиқи муқаррароти низоми дастраснамоии нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” баромад намуд.
Таъкид шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” тартиби ташаккули нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳоро, ҳамчун манбаи захиравии мукаммалсозии фонди миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таъмини нигоҳдории нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо ва истифодаи ҷамъиятии онҳо, инчунин муҳлат ва тартиби дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳоро ба танзим медарорад.
Қонуни мазкур нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар истеҳсол ва дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо иштирок менамоянд, татбиқ карда мешавад. Вале ба ҳуҷҷатҳои дорои сири давлатӣ, хизматӣ ва дигар сире, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад, инчунин, нисбат ба ҳуҷҷатҳое, ки дар як нусха таҳия гардидаанд, ҳуҷҷатҳои асосии электроние, ки танҳо дар низоми шабакавӣ паҳн карда мешаванд, ҳуҷҷатҳои идоравӣ ва техникӣ (намунаҳо, дастурамалҳо, маҳсулоти варақавӣ, китобҳои баҳисобгирӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ) татбиқ намегардад.
Мақсади ташкили низоми нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо иборатанд аз:
- пуррагардонии фонди миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- амалӣ намудани бақайдгирии давлатии нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо;
- ташкили нигоҳдории доимии нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо дар фонди миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- истифодаи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо барои хизматрасонии иттилоотиву библиографӣ ва китобхонавии истифодабарандагон;
- бақайдгирии давлатии (библиографӣ ва омории) ҳуҷҷатҳои ватанӣ, омода намудани иттилооти давлатии библиографӣ (ҷорӣ ва тарҷеӣ) ва оморӣ;
- таҳия ва нашри каталогҳои маҷмўӣ;
- иттилоотонии ҷомеа аз ҳамаи намудҳои нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо;
- ташаккул додани маҷмўи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳои маҳаллӣ;
- амалӣ намудани мубодила бо фондҳои миллии китобхонавӣ ва иттилоотии кишварҳои дигар.
Инчунин, таъкид шуд, ки ба истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо:
- ташкилотҳои полиграфӣ;
- муассисаву ташкилотҳои телевизион ва радио;
- киностудияҳо, ташкилотҳои видео ва кинематографӣ;
- муассисаву ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ;
- муассисаву ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва конструкторӣ;
- дигар ташкилотҳои истеҳсолкунандаи намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳо дохил мешаванд.
Истеҳсолкунандагон бояд ба гирандагони ҳуҷҷатҳо се нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳоро дар муҳлати 10 рўзи пас аз интишори теъдоди нашри аввалин ва нашрияҳоро дар рўзи интишори ҳар як шумора ирсол намоянд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Номгўи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №453 тасдиқ шудааст ва иборатанд аз:
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон", Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон", Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти ҳудудии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаҳои давлатии вилоятӣ, Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино", Маркази миллии иттилоотию патентии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Доир ба масъалаи дувуми ҳамоиш “Амнияти иттилоотӣ ва хатарҳои ҷаҳони муосир” сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев баромад намуд.
Ў зимни гузориши худ таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир, ки дар таърихи ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, динию фарҳангӣ, дар маҷмуъ раванди бархўрд ва омехташавии тамаддунҳои башарӣ бо номи “асри ҷаҳонишавӣ” маъруф гардидааст, дар баробари дигар омилҳо рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва шабакаи интернет ба равандҳои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва дар алоҳидагӣ дар ҳар як давлат таъсири бисёр амиқу густарда расонида истодаааст.
Амнияти иттилоотӣ ҷузъи таркибии амнияти миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Технологияи иттилоотӣ ахборотро ба неруи мутаҳаррике табдил додааст, ки он дар пешрафти ҷаҳони муосир нақши муайянкунандаро пайдо намудааст. Иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ омили муҳим дар таъмини рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Аммо дар баробари ҷанбаҳои мусбат ҷанбаҳои манфии истифодаи технологияҳои итиилотӣ низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, доираҳо ва гурўҳҳои манфиатдор иттилоотро ҳамчун абзори таъсиргузор барои амалисозии мақсадҳои сиёсию идеологии худ истифода менамоянд.
Номбурда вазъияти амалисозии тадбирҳо ва чораҳои амалии зеринро чунин арзёби намуд:
- ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа бо роҳи пўшиш додани фазои ягонаи иттилоотии кишвар бо ахбори фаврӣ, саҳеҳу дуруст ва муътамад;
- ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо роҳи иттилоърасонӣ;
- баланд бардоштани маданияти иттилоотии шаҳрвандон;
- ба таври дуруст ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ.
Солҳои охир омилҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба суботи сиёсӣ ва амнияти сиёсии давлат мустақиман таъсиргузорӣ намуда истодаанд, ки чунин ҳолат бори дигар вобастагии сулҳу суботро аз амнияти иттилоотӣ нишон медиҳад. Бинобар ин, таъмини амнияти иттилоотӣ фаъолияти ҳадафмандонаи ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ барои муайян намудан ва пешгирӣ кардани таҳдидҳои иттилоотӣ мебошад, ки бо мақсади ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми онҳо муқовимат бо таҳдидҳои мазкурро асоснок мегардонад.
Раҳмоналӣ Шералиев таъкид намуд, ки ба андешаи як қатор муҳаққиқон ҷангҳои иттилоотӣ ҷойгузини ҷангҳои классикӣ мебошанд ва бо мақсадҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:
• паст намудани симои байналмилалии давлат ва вайрон намудани муносибати он бо давлатҳои дигар;
• мушкилӣ эҷод намудан дар раванди қабули қарорҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ;
• ташкил намудани фазои ноором ва ноустувор гардонидани ҷомеа;
• бадном намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
• дар байни оммаи мардум ташкил намудани эътирози иқтисодӣ (корпартоӣ, коршиканӣ);
• вайрон намудани фаъолияти муназзами низоми идоракунии қувваҳои мусаллаҳ, объектҳои ҳарбӣ ва дорои аҳамияти стратегӣ;
• паст намудани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва дар муқобили фарҳанги худӣ равона намудани онҳо.
Ҳамин тариқ, дар шароити муосир амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба шумор рафта, сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллиро муайян менамояд.
Дар семинари машваратӣ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода З., намояндагони муассисаҳои гирандаи нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо, намояндагони ВАО доир ба мавзуи мавриди баҳс назару андешаҳои худро баён намуданд.
Ҳамоишро муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ҷамъбаст намуда, бори дигар аз дигарон хоҳиш намуд, ки дар мавриди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” чораҳои ҷиддӣ андешанд. Инчунин, дар ҳифзу поксозии фазои иттилоотӣ ва посух додан ба ҳамлаи ҳизбу ҳаракатҳое, ки бар асари амалҳои террористиву экстремистӣ фаъолияташон дар заминаи қонун дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст, фаъол бошанд.

МХ.
ҲАМОИШ ДАР МАВЗУИ МУҲИМ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: