Амнияти иттилоотӣ кафили амнияти ҷаҳон15-10-2018, 09:17
Хабарро хонданд: 440 нафар
Назарҳо: 0
«Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд. Зеро тавре ки аз мазмун ва моҳияти қонунгузории мамлакат оид ба васоити ахбори омма бармеояд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо мебошад». Эмомалӣ Раҳмон Дигаргуниҳои куллӣ дар сохтори геополитикии чомеаи чаҳонӣ ва аз нав тақсим шудани геополитикаи ҷаҳон аз он шаходат медиханд, ки ҷаҳони муосир тадриҷан ба давраи сифатан нави тараққиёт ва ҳамзамон дому хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Тақсимоти нави геополитикаи ҷаҳони муоссир замоне ба вуқуъ омад, ки ҷаҳони дуқутба ба як қутб роҳсипор шуд, ки қутби аз байн рафта Ҳокимияти Шӯравӣ маънидод мегардад. Ба вуқуъ омадани тақсимоти нави ҷаҳон миёни абарқудратон ва қудратталабон ба ҳаёти башарият тағироти қуллӣ ба миён овард. Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба хаёти башарият ворид сохтааст. Таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути васоити ахбори оммавӣ, ки он дорои неруи бузурги таъсиррасонанда аст, эҳсос мегардад ва дар баробари талқини сулҳу суббот ва неъмати оромӣ ҳамзамон иттилоот ва ВАО дар тарғибу тавшвиқи гурӯҳу созмонҳои терористӣ, ки ин зӯҳурот бошандагони сайёраро ба ҷунгиш гузоштааст, нақши муҳимро касб кардааст. Ҳамзамон ВАО дар пиёда шудани манфиати ин ё он қувваву гурӯҳҳои муайян ба тариқи конкретӣ истифода мешаванд ва таҷрибаи дилхоҳеро низ баҳри қӯвваҳои манфиатҷӯ ба бор овардаанд. Ба миён омадани мафҳумҳое ба монанди «ҷангӣ итилоотӣ» дар ҷаҳони муссир нигарониву таасуфи сиёсатмадорону коршинсони байналмиллалиро ба бор овард. Ҷанги иттилоотӣ таърихи кӯҳан дошта, ба ақидаи муҳақиқон ин мафҳум бо пайдоиши давлатҳо ва мухолифату рақобати байни онҳо ташаккул ёфтааст. Вале аввалин маротиба муҳаққиқи канадагӣ Маршалл Маклюэн солҳои 60-уми асри ХХ дар бораи ҷанги иттилоотӣ рӯшод дар матбуот навиштааст. Профессор Маршалл Маклюэн доир ба ҷанги иттилоотии ИМА гуфта аст, ки «Ветнам аввалин ҷанги телевизионии ИМА буд. Ҷангҳои қаблӣ бо кӯмаки кинову расм ва сурату матбуот бурда мешуд ба иқидаи муҳаққиқон «Ҷанги иттилоотӣ ин таъсиррасонии нақшавӣ ба тамоми системаи иттилоотиву иртиботии душман ва давлатҳои бетараф ба мақсади ташаккул додани фазои мусоиди ҷаҳонии иттилоотӣ барои гузаронидани амалиётҳои сиёсӣ мебошад, ки назорати аксари ин фазоро таъмин менамояд». Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар замони муосир ҷанги иттилоотиро асосан кишварҳои абарқудрату қудратталаб ва ташкилоту қувваҳои бузурги ҷаҳон барои амалисозии ҳадафҳои геополитикии худ истифода мебаранд. Мувофиқи гуфтаҳои коршиносону таҳқиқгарон терроризм, экстремизм ва ифрогароӣ бахусус терорризми динӣ ташкилшудаи дасти абарқудратон, бо мақсади пиёдасозии манфиат ва сиёсати онҳо аст. Яке аз василаву роҳҳои аслии то ин ҳад қувваву қудрати бузургро ба даст овардани ин вабои замон, тариқи иттилоот муаррифи шудани тахаюли ақоиди бофтаву осмонии онҳо мебошад, ки гӯё захмат ба дин менамоянду вале дар асл ҷуз қатлу куштори ваҳшиёнаи сокинони осоишта ва амалисозии барномаҳои хоҷагони пасипардагии онҳо дигар чизе нест. Имрӯзҳо мақомоти амниятии кишварҳои сайёра аз паи маҳву нобудсозии роҳҳои вусъатёбиву инкишофи гурӯҳҳои терористӣ бо мақсади билохира аз байр бурдани ин мушкилоти глобалӣ афтодаанд. Яке аз василаи аслии ба шикаст рӯ ба рӯ нашудани созмонҳои террористӣ, ин аз байр бурдани роҳҳои таблиғотии он буда дар ин самт 100-ҳо ва бештар аз он сомонаҳои интернетии таблиғотии гурӯҳҳои террористӣ ошкор ва қисмеи онҳо бекор карда шуда, қисмеи дигар зери назораи қатъӣ қарор гирифтаанд. Мутмаинем, чунин амалҳои сулҳҷуёна гурӯҳҳои терористиву экстремистиро ба шикасти ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард. Инъикоси воқеоти даҳшатафкани гурӯҳҳои терорристӣ то куҷо ба манфиати кор аст? Солҳои охир аксар мамлакатхои дунё кушиши сохтани ҷомеаи глобалии иттилоотиро доранд. Лекин рушди иттилоотикунонӣ дар баъзе кишвархо бинобар як катор омилхои сиёсӣ, иктисодӣ ва техникӣ боздошта шудааст. Кишварҳои дараҷаи гуногуни тараққиёт дошта ба рушди Интернет муносибати хоса менамоянд. Вале дар баробари манфиатҳову саҳмгузории интернет ба пешрафти ногусастании ҳаёти ҷамъияӣ хислатҳои манфии онро низ бояд андеша кард ва ин масъаларо набояд нодида гирифт. Агар каме ба рӯзҳои авали таъсисёбии гурӯҳҳои терористӣ бахусус созмони ифротии ба ном «Давлатӣ Исломӣ» назар афканем, бармеояд, ки чунин гурӯҳҳо маҳз дар қатори ташкил шудани сомонаҳои таблиғотии худ ҳамзамон зери муаррифиҳои дар умум ВАО-и ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо намудаанд, яъне ВАО байналмилалӣ аз ташкил ёфтани чунин гуруҳҳои ифротгароӣ ва қудрату тавоноии онҳо ба сокинони олам маълумот пешниҳод намуданд. Дар натиҷа баъзе аз сокинони гумроҳу кутоҳандеши мамолики сайёра азми пайвастшавӣ ба онро намуда ҳамзамон қувваҳову созмонҳои манфиатхоҳ бо пайдо намудани маълумот оид ба мақсади аслии чунин гурӯҳҳо ва қувваву тавононии онҳо шояд бо сарпатастиву таъмини лавозимоти ҷангиву дигар омилҳои тавоноӣ азм намуданд, ки мақсади онҳо низ пеш аз ҳама пиёда намудани ҳадафи худ мебошад. Маҳз чунин омилҳо яъне бо мақсади расонидани итилооти нав ба омма ва огоҳонидани сокинон аз зуҳури чунин гурӯҳҳои ифротгароӣ, ки билохира ба манфиати созмонҳои терористӣ анҷомид боиси шуҳратёр гардидан ва дар заминаи он қувваву тавоноӣ ба даст овардани созмонҳои терористӣ гардид. Аммо то имрӯз бархе аз сиёсатмадорони кишварҳои мухталифи олам зимни баромадҳои хеш иброз менамоянд, ки; «инъикоси ахбори воқеӣ ва фаврӣ оид ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва низоҳои динӣ, ки ҳоло дар бархе аз кишварҳои мусалмонӣ ё исломӣ доман задааст , яке аз рисолатҳои асосии фазои иттилоотии кишварҳои ҷаҳон дониста мешавад». Воқеан бо таҳлилҳои амиқ берун овардани ҳадафҳои созмону гурӯҳҳои терористӣ аз зери пардаи барои қисми беши бошандагони сайёра ниҳонбуда ва самти аслии фаъолияти онҳо ба манфиати кор хоҳад буд, аммо инъикоси фаврӣ оид ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва низоҳои динӣ ва нишон додани тавоноии гурӯҳҳои терористиву ифротгароӣ аз манфиат мерун буда, метавонад баръакси ҳол ба хости ташкилгарони ин вабои замон анҷомад. Оё истилоҳи «Амнияти иттилоотӣ» муқобили озодии баён аст? Имрӯзҳо миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд нафароне, ки истилоҳи «амнияти иттилоотӣ»-ро мушкили расонаии ҳукумат маънидод менамоянд. Оё дар чунин вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки он ҳам печ дар печ будани авзоъи сиёсии қисме аз кишварҳои олам, бахусус мамолики мусалмониву аҳолии мусалмондошта ба мисли Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, Лубнону Урдун, анҷом ёфтани амалҳои инфиҷории терористӣ дар мавзеъҳои мухталифи олам, ҳамзамон хуруҷ ва доманпаҳннамоии гуруҳҳои терористӣ ба мавзеъҳои мухталифи ҷаҳон, дар ҳоли идомаёбӣ қарор гирифтани ҷанги иттилоотӣ дар сайёра ва дигар мушкилоту проблемаҳо метавон аз амнияти иттилоотӣ наандешид? Дар сурате, ки имрӯзҳо ҷанги итилоотӣ дар ҳоли идомаёбӣ қарор дорад, пас чаро барномаҳое ба мисли амнияти иттилоотӣ вуҷуд надоштаасту ин танҳо ба манфиати давлатӣ будааст? Ин ва дигар суолҳое ҳастанд, ки аз нафарони «амнияти иттилоотӣ»-ро мушкили расонаии ҳукумат эътирофнамуда посух талаб менамоянд. Амнияти иттилоотӣ ин ҳушдор ва хитоб ба қаламдоронест, ки ҷиҳати ба даст овардани манфиат ва дар ин росто пиёда шудани сиёсати ин ё он қувва даст ба ахбороти иғвобарангезу гумроҳкунанада мезананд, ки чунин ҳолат заминагузори нооромӣ ва ба пирузӣ комёб гардидани қувваҳои беруна дар ҷанги иттилоотӣ бо ин ё он кишвар мегарданд. Маврид ба таъкид аст, ки ВАО-е, ки самти фаъолияташ ба иғвобарагезиву иғвоситезӣ равона гардидааст, маҳз ташкилкардаи дасти гурӯҳҳои беруна ва манфиаҷу мебошад. Баъзе аз олимон акида доранд, ки вазъи хосилшуда ва афзоиши таъсири ВАО-и хоричӣ ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакатҳо метавонад тахдид ба бор оварад. ВАО-и хоричӣ имрӯз дар тамоми гушаву накори олам фаъол буда он мутаалиқ ба кишварҳои қудратманд ва дар ҷанги иттилоотии давр ҳамчун абарқудрат шинота шуда мебошанд. Имрӯзҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон низ фаъолияти расонаҳои иттилоотии хориҷӣ ва хусусӣ ба таври назаррас ба роҳ монда шудаанд. Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад. Чи гуна Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили 100 солагии матбуоти тоҷик зикр намуда буданд; «Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон шумораи расонаҳои хабарии мустақил хеле афзудааст ва аз лиҳози миқдор ҳоло онҳо нисбат ба расонаҳои хабарии ҳукуматӣ ба маротиб зиёданд. Маврид ба таъкид аст, ки дар Тоҷикистон соли 1991 ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла вуҷуд дошт, ки аз ин шумора фақат чор рӯзнома хусусӣ буд. Ғайр аз ин, ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ фаъолият мекард. Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон 446 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 270 — тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Аз даҳ агентии иттилоотӣ, ки ба қайд гирифта шудааст, нӯҳ агентӣ ғайриҳукуматӣ аст. Ҳоло дар мамлакат 44 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 шабакаи радиову телевизион хусусӣ мебошад. Фаъолият бурдани ин ҳама рӯзномаву маҷаллаҳои ҷамъиятиву хусусӣ, шабакаҳои интернетиву радиоиву телевизионӣ дар пур кардани фазои иттилоотии кишвар нақши калидиро касб намудаанд, аммо аз нигоҳи дигар дар баъзе ҳолатҳо пешниҳод гардидани маводҳои яксамта ба шуури омма таъсири манфӣ расонида муилои зиёд ба бор меоварад. Дар ҳама сурат амнияти иттилоотиро мебояд ҳифз намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.