Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Инъикоси фаъолият ва ташаббусҳои ҳизбӣ дар ВЭА

Инъикоси фаъолият ва ташаббусҳои ҳизбӣ дар ВЭА

18-05-2022, 07:34
Хабарро хонданд: 327 нафар
Назарҳо: 0
Инъикоси фаъолият ва ташаббусҳои ҳизбӣ дар ВЭА
2022-05-17

Тавре қаблан хабар дода будем, аз 15 то 20 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ибтикори Дастгоҳи КИМ ҲХДТ доир гардида истодааст.

Нимаи дуюми имрӯз дар мавзӯи «Инъикоси фаъолият ва ташаббусҳои ҳизбӣ дар воситаҳои электронии ахбор ва матбуот» роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, номзади илми филология, дотсент Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода бо шунавандагони курс суҳбати озоду ошкоро намуд.

Қабл аз ҳама, бояд гуфт, ки васоити электронии ахбор имкони бузурги таъсир ба эҳсосу рафтори одамонро дошта, вазифаҳои гуногуни иттилоотӣ, таълиму тарбиявӣ, танқид ва назоратиро иҷро мекунанд. Зимни баромад гуфта шуд, ки имрӯз ВЭА, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ба муҳимтарин ва асоситарин шабакаи интиқоли муҳтаво мубаддал шудаанд. Имрӯз аллакай хонанда ба истеҳсолкунадаи фаъоли иттилоот табдил ёфтааст.

Гуфта шуд, ки таъмини шаҳрвандон ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти воқеӣ ва гуногунҷанба ба василаи ВЭА ва иштироки фаъолонаи онҳо дар инъикоси самтҳои гуногуни идоракунии давлат ва ҳаёти ҷамъиятӣ муҳим буда, дар ин замина иқдомҳои амаликардаи кумитаҳои иҷроияи ҳизб қобили дастгирӣ мебошад.

Дар идомаи суҳбати худ Илҳомҷон Ҳамидиён ишора кард, ки афзудани доираи таъсир, интихоби аудиторияи мақсаднок, бунёди имиҷ ва бренди миллӣ, шинохташавандагии фаъолияти кумитаҳои иҷроия дар маҳал, мустаҳкам намудани эътимоди кормандони ҳизб ва доштани тамоси бозпас бо электорат аз ҷумлаи муҳимтарин бахшҳои фаъолияти мо тариқи ВЭА дониста мешавад.

Дар рафти суҳбати озод бурду бохти самти таблиғ ва таҳлили кумитаҳои иҷроия бо мисолҳои мушаххас таҳлил гардид.

- Кумитаҳои иҷроия дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо шуъбаҳои марбут бояд дар доираи нишондодҳои барномавии ҳизб мунтазам мониторинг ва баҳодиҳии мушкилоти иҷтимоӣ ва аҳолиро доир намуда, ҷиҳати сари вақт ҳал намудани онҳо чораҷӯӣ ва мусоидат намоянд, - гуфт Ҳамидиён И. И. - Танҳо дар ин сурат эътимоди мардум ба фаъолияти ҳизб афзуда, корҳо аз суханҳо баландтар садо медиҳанд.

Дар рафти суҳбат вобаста ба таҳияи метод ва моделҳои мубориза бо иттилооти бардурӯғ, дарк ва фарқи дезинформатсия (хабари ғалат) ва таблиғ, мубориза бо саҳифаҳои қалбакӣ (фейкҳо) ва пахши ахбори дурусту саривақтӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Гуфтанист, ки ҲХДТ дар марҳалаи солҳои 2020-2025 рақобатпазир намудани абзорҳои ватании ВАО дар шароити ҷомеаи иттилоотиро ниҳоят муҳим шуморида, дар навбати худ масъалаи имиҷсозии кишварро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз масъалаҳои калидии ҳадафҳои барномавии хеш медонад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: