Семинари муфид8-07-2019, 10:09
Хабарро хонданд: 333 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзўи «Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва усулҳои истифода аз он» барои кормандони ҳизбӣ семинари омўзишӣ доир гардид, ки дар кори он масъулиин кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва фаъолони ҳизбӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти амнияти иттилоотии кишвар, нақш ва иштироки фаъолонаи узви ҳизб дар ҳифзи он ибрози назар намуд. Муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқ иқ оти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мавзўи «Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ: таъсири онҳо ба тафаккури ҷавонон дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ» сухан карда, роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои мавриди назар ибрози андеша кард. Дар идомаи чорабинӣ номзади илмҳои филологӣ, медиатренер Илҳоми Ҷамолиён дар мавзўи «Ҷойгоҳи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти мо: таҳлили муқ оисавӣ ва авлавиятҳо» дарси амалӣ гузашта, далелҳои мушаххасро оид ба таъсир, фоида ва зарари интернет ба таваҷҷуҳи ҳозирин ироа намуд. Номзади илмҳои филологӣ, медиатренер Саидумрон Саидов оид ба «Технологияи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар маъракаҳои сиёсӣ» баромад намуда, баъзе машваратҳои мушаххасро барои тақ вияти фаъолияти ҳизбӣ пешкаш намуд. Иштирокчиёни семинар аз ташкил ва баргузории он қ аноатманд шуда, ташкили мунтазами чунин чорабиниҳоро ба манфиати кор арзёбӣ намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.