Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар Туркия 2 нафарро аз зери харобаҳо зинда бароварданд12-02-2023, 13:33
Хабарро хонданд: 112 нафар
Назарҳо: 0
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия 2 нафарро аз зери харобаҳо зинда бароварданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар натиҷаи истифодаи дақиқи таҷҳизоти наҷот наҷотдиҳандагони тоҷик аз зери сангу бетону хок онҳоро пайдо карда, пас аз бартараф намудани монеаҳо тифли шашмоҳа ва падарашро берун бароварданд. Ин ду нафар зери харобаҳо муддати 6 рӯз қарор доштанд ва пас аз наҷот ёфтан ба беморхона интиқол дода шуданд. Ба ҳолати соати 14:00-и 11 феврал бо вақти Туркия, наҷотдиҳандагони Тоҷикистон аз зери харобаҳои хонаҳои истиқоматӣ 23 ҷасадро низ берун оварданд. Амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар Туркия идома дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.