Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » САДАМА. Амалиёти наҷотдиҳӣ поён ёфт: 12 кӯҳнавард ва як сарнишин наҷот дода шуданд. Мутаассифона, 3 кӯҳнавард ва 2 сарнишин ба ҳалокат расидаанд

САДАМА. Амалиёти наҷотдиҳӣ поён ёфт: 12 кӯҳнавард ва як сарнишин наҷот дода шуданд. Мутаассифона, 3 кӯҳнавард ва 2 сарнишин ба ҳалокат расидаанд

14-08-2018, 08:22
Хабарро хонданд: 138 нафар
Назарҳо: 0
САДАМА. Амалиёти наҷотдиҳӣ поён ёфт: 12 кӯҳнавард ва як сарнишин наҷот дода шуданд. Мутаассифона, 3 кӯҳнавард ва 2 сарнишин ба ҳалокат расидаанд
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои номусоид сабаби ба садама дучор шудани чархбол гардидааст. Инро сарнишини наҷотёфта ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ иброз доштааст.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Умеда Юсуфӣ иттилоъ дода, зикр кард, ки, мутаассифона, дар садамаи мазкур 3 кӯҳнавард ва 2 сарнишин ба ҳалокат расида, 12 нафар кӯҳнавардон ва як сарнишин наҷот дода шуданд. Дар айни ҳол наҷотёфтагон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, зери назорати табибон қарор доранд.

«Дар хусуси рух додани ҳодисаи фавқулодаи мазкур, сафаратхонаҳои Федератсия Россия, Беларус ва Испания, инчунин вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодаи Федератсия Россия ва Беларус дар ҷараён гузошта шудаанд»,-илова намуд манбаъ.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки тақрибан соатҳои 11-и рӯз, пас аз барқарор намудани алоқа бо кӯҳнавардон макони суқути чархбол муайян карда шуд ва барои наҷоти онҳо аз фурудгоҳи ноҳияи Лахш чархболҳо бо наҷотдиҳандагон сафарбар гардиданд.

САДАМА. Амалиёти наҷотдиҳӣ поён ёфт: 12 кӯҳнавард ва як сарнишин наҷот дода шуданд. Мутаассифона, 3 кӯҳнавард ва 2 сарнишин ба ҳалокат расидаанд
Ёдовар мешавем, ки 12 август, тақрибан соати 16:30 дар қисми шарқии Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Лахш чархболи МИ-8 бо 15 нафар кӯҳнавард, 13 шаҳрванди Федератсияи Россия, як шаҳрванди Беларус, як шаҳрванди Испания ва 3 сарнишин нишасти дурушт (жесткая посадка) анҷом додааст.

Чархболи МИ-8 бо 15 нафар кӯҳнавар ва се сарнишин ҳангоми бозгашт аз қуллаи Исмоили Сомонӣ дар поёноби пиряхи Фортамбек, ҳудуди ноҳияи Лахш ба садама дучор шудааст.

Барои мушаххас намудани сабабҳои сар задани ҳодисаи мазкур аз ҳисоби роҳбарони КДАМ, ВКД, КҲФ, Вазорати мудофиа ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ комиссияи ҳукуматӣ ташкил шуда, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардидаанд. Инчунин, субҳи имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макони садама се чархбол бо наҷотдиҳандагону табибон фиристод.

Садама дар ҳоле рух додааст, ки кӯҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳашон бармегаштанд.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ баландтарин нуқта дар қаламрави собиқ Шӯравӣ мебошад, ки баландии он 7495 метр аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: