КҲФ: Тармафароӣ боз 3-4 рўзи дигар идома хоҳад ёфт30-01-2017, 13:47
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 30.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим то имрӯз боқӣ монда, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар қатъиян хоҳиш мекунад, ки аз сафар намудан ба ин мавзеъҳо муваққатан худдорӣ намоянд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, ҳолати тармафароӣ боз 3-4 рўзи дигар идома хоҳад ёфт. Дар айни ҳол дар натиҷаи фаромадани 40 тарма ва бориши барфи пуршиддат шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд маҳкам аст, бештар аз 200 мошин дар муҳосираи тармаву ғарами барф мондаанд. Барои ташкили кор ҷиҳати интиқоли одамон ва овардани онҳо то макони бехатар гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода созмон дода шуд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷотдиҳӣ аз 28 то 29 январ наздик ба 800 нафар одамон ва 50 мошини боркашу 150 мошини сабукрав ба макони амн интиқол дода шуданд. То бегоҳии 29 январ наҷотдиҳандагони Кумита аз ҷарии 150 метр 4 ҷасад ва аз мошин 1 ҷасадро ёфтанд. Барои тоза кардани роҳи мошингард ва бартарафсозии оқибатҳои офат хадамоти роҳи ширкати «Innovative Road Solutions» (IRS) 6 адад техникаро аз ду тараф сафарбар намуд. Дар ҷойи тарма барои таъмини бехатарии одамон постгоҳҳои иловагӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS гузошта шуданд. Ҳолати вазнин ҳамоно дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб ҳукмфармост. Бар асари резиши барф ва лағзиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнони ВМКБ роҳҳо баста шудаанд. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офат, ки ахиран созмон дода шуд, шабонарӯз фаъолият мекунад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.