Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Сели азим дар Панҷакент сабаби талафоти ҷониву молӣ гардид

Сели азим дар Панҷакент сабаби талафоти ҷониву молӣ гардид

21-07-2021, 09:41
Хабарро хонданд: 144 нафар
Назарҳо: 0
Сели азим дар Панҷакент сабаби талафоти ҷониву молӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл бар асари боридани боронҳои пуршиддат дар ҳудуди чор ноҳияи вилояти Суғд омадани сел ба қайд гирифта шуд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, 19 июл, тақрибан соати 15:30, баъди боронҳои пай дар пай дар деҳаи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сел фаромад. Дар чарогоҳи тобистонаи деҳаи Киштудак, ки дар баландии тақрибан 30 км аз Ҷамоати деҳоти Дашти Қозӣ ҷойгир аст, 10 нафар одамоне, ки ба чаронидани чорво машғул буданд, дучори сел шуданд.

Инчунин дар натиҷаи офати табиӣ ва обу лойқа қисман ба 15 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, 3 км роҳи байни деҳаҳо зарар расида, боиси талафоти 35 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда шуд. Аҳолии маҳаллӣ тахминан соати 17:30 ҷасади ду занро аз зери лойоба берун оварданд.

Барои бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ фавран ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Зарафшон фиристода шуданд.

Пас аз амалиёти наҷот ҷасади 8 сокини деҳаи Киштудак аз зери лой берун оварда шуд. Ҷустуҷӯи ду нафари дигар идома дорад.

Инчунин дар қаламрави деҳаи Вашани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ сел ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи сел 4 км роҳи мошингард, 2 пул, хати барқ вайрон гардида, таҳхонаҳои 8 бинои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ қисман аз лойоба пур шудаанд.

Худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи бориши шадид дар деҳаҳои Пасти-Гал, Хабишар, Тит, Рогиф ва Ревемутки Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд омадани сел ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи офати табиӣ 3 бинои истиқоматӣ пурра, 5 бинои истиқоматӣ қисман, 8 иншооти ёрирасон, 10 км роҳ, 20 гектар замини корам ва 2 пул осеб дидаанд. Талафоти ҷонӣ нест.

Ҳамчунин 19 июл, соати 17:30, дар деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровут ва дар деҳаи Некти Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 15 бинои истиқоматӣ, роҳҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ қисман хароб шудаанд.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ комиссияҳои ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода ба кор оғоз намудаанд. Дар айни замон корҳо барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: