Зарари сел ба 1 146 хона дар ноҳияи Рӯдакӣ12-05-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 341 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ориф Нозимов, сухангуи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, феълан барои бартараф кардани ҳолати баамаломада ва кӯмак ба оилаҳои зарардида, дастаҳои наҷотдиҳӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумита, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумита дар гарнизони Душанбе, дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд. Хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ин ҳам дар холест, ки чанд тан аз сокинони Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ба сомонаи «Хамсафон» иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи боронгарии дишаба ба манзили онҳо низ селоба даромадааст. Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, чанд рузи охир аз сафар ба манотиқи осебпазир ва хавфнок худдорӣ кунанд. Ба иттилои манбаъ, шаби 9 май бар асари ҷорӣ шудани сел дар навоҳии Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд се нафар ҳалок шуда ва ба ин ноҳияҳо хисороти ҷиддӣ ворид шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.