Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХАРГӮШ – НАМОДИ ХУШБАХТӢ ВА СУРЪАТ

ХАРГӮШ – НАМОДИ ХУШБАХТӢ ВА СУРЪАТ

29-12-2022, 10:58
Хабарро хонданд: 635 нафар
Назарҳо: 0
ХАРГӮШ – НАМОДИ ХУШБАХТӢ ВА СУРЪАТ
Инак,соли паланг бо бурдбориҳо ва пешравиву камбудиҳояш, ки дар зиндагии ҳар яки мо изи худро гузошт, сипарӣ мешавад вамаҷроро бо Соли харгӯш месупорад. Мутобиқи мучалшиносии шарқӣ, ашхосе, ки дар Соли харгӯш зода шудаанд, чусту чолок, беқарор ва зирак мешаванд.
Таърихчаи пайдоиши мучалҳо
Мувофиқи манобеи дастрасшуда, солшумории мучал бори аввал дар Ҷумҳурии мардумии Чин тартиб ёфтааст. Ба гуфтаи муаррихон, ин солшумориро чиниҳо аз рӯйи ҷойгиршавии бурҷҳои осмон тартиб додаанд. Баъдан, ин тақвим тавассути муғулҳо паҳн шуда, соли 1210 дар Муғулистон ва сипас дар кишварҳои дигари Осиё роиҷ шудааст.
Мардуми Шарқ, бахусус тоҷикон, дар асоси мушоҳидаҳояшон хусусиятҳои ҳар соли мансуб ба ин солшумориро муайян кардаанд, ки аз рӯйи табиату хислати ҷонварон хулоса шудааст.Солшумории мазкур барои муайян кардани синну сол истифода мешавад, яъне шахс дар он соле, ки тибқи мучал қарор дорад, таваллуд шавад, солаш ба хосияту табиати ҳамон ҷонвар монанд мешавад. Яъне, чигунагии соли мучалро мардум аз рӯйи шакл ва рафтори ҷонвар пешгӯӣ мекунанд.
Бар асоси фарҳанги мардумӣ дар баробари солшумориҳои мелодӣ (григориянӣ-аврупоӣ), ҳиҷрии қамарӣ ва ҳиҷрии шамсӣ, инчунин тақвими суннатии «мучал» номи дигараш «мӯлҷар» низ маъмул мебошад. Тақвими мучал бештар дар Шарқ маъруф аст ва аз 12 сол иборат буда, ҳар кадом сол номи як ҳайвонро соҳиб аст ва пас аз ҳар дувоздаҳ сол такрор мешавад. Оғози як давраи мучал, яъне тартиби ҷойгиршавии ҷонварҳо чунин шуруъ мешавад: муш, бақар (гов), паланг, харгӯш, наҳанг (моҳӣ), мор, асп, гӯсфанд, ҳамдуна (маймун), мурғ, саг ва хубон (хук).
Чанд аср қабл шоири форсизабон Абунасри Форобӣ дар асараш «Нисоб-ус-сибён» солшумории мучалро чунин баррасӣ карда буд:
Мушу бақару палангу харгӯш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор.
В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.


Харгӯш дар бовари мардум

Мутобиқи солшумории даврии чинӣ,харгӯшҷои чорумро ишғол мекунад ва дар тақвими шарқӣ хушбахттарин сол ҳисобида мешавад. Ҷойи чорумро ишғол кардани харгӯш тасодуфӣ набуд. Ривоят мекунанд, ки харгӯш аз суръати тези худ хеле ифтихор мекард. Рӯзе императори Ҷейд (Юй-Хуан асрҳои VI—VII пеш аз мелод) мегӯяд, ки тартиби аломатҳои мучалро аз рӯйи тартиби омадани ҳайвонҳо ба зиёфати ӯ муайян карда мешавад. Харгӯш субҳидам ба роҳ мебарояд ва чун ба он ҷо расид, дид дар майдон дигар ҳайвонҳо ба назар намерасанд. Харгӯш фикр кард, киҳеҷ кадомаш мисли ӯ ин қадар зуднахоҳанд омад ва ӯаз ҳама пеш аст, ором шуда, ғанаб кард. Вале чун аз хоб бедор шуд, дид, ки се ҷонвари дигар аз ӯ пешанд. Ҳамин тавр харгӯш чаҳорум шуда назди император мерасадпас азкаламуш, барзагов ва паланг.Соли харгӯш фарогири воқеаҳои зиёди зебою мусбати ҳаёти инсоният дар тӯли таърих будааст. Тибқи асотири мардуми Шарқ, маҳз дар соли харгӯш Мусо тавонист Фиръавнро мағлуб кунад ва рӯшноиро бар торикӣғолиб созад. Ҳатто рамзҳои шайтонӣ, аз қабили фиръавнҳои мисрӣ дар ин сол аз байн бурда шуда, баракат ва ризқу рӯзии инсонҳо муқаррар ва киштзорҳо серҳосил гашта, замин ба насли инсон чиҳати хубии худро нишон медиҳад. Мардуми зиёде оғози соли навро дар саросари ҷаҳон бо оташбозӣ ва рақсу шухӣ таҷлил мекунанд. Ба гуфтаи баъзе аз фарҳангшиносон, ба фарқ аз соли пурталотуми паланг соли харгӯш соли осоишта хоҳад буд. Дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон харгӯш рамзи хушбахтӣ аст.Масалан, мардуми Чинбар он назаранд, ки соли харгӯш барои онҳо соли сулҳ ва некӣ хоҳад буд. Ба ақидаи онҳо, одамоне, ки дар соли харгӯш дар Чин таваллуд шудаанд, одамони ором, меҳрубон ва каме шармгин буда,ҳамеша эҳтиёткоранд. Дун Йилин -равоншиноси маъруфи чинӣ бар ин назар аст, ки афроди дар соли харгӯш таваллудшуда дӯстони боэътимод мешаванд. Ӯ мегӯяд: “Онҳо одатан одамони фаъол ва зиндадиланд, ақли расо ва майнаи фаъол доранд. Аммо дар баробари ин буздил ҳам ҳастанд. Солҳои 1951, 1963, 1975, 1987, 1999 ва 2011 низ солҳои харгӯш буданд».
Харгӯш дар бовари мардуми Шарқ дар радифи рамзи суръати тез рамзи зебоӣ, зеҳни хуб ва хушмуомила низмебошад. Дар тӯли таърих ва адабиёти таърихӣ харгӯш ҳамчун намоди суръати тез ёд мешавад. Тибқи солшиносӣ ин ҳайвон даври солро бо тағйироти зуди мусбат ва рӯзҳои хуб муаррифӣ мекунад. Дар соли харгӯш бисёр ҳодисаҳои мусбату муфид ба зудӣ рух медиҳанд. Мардуми Шарқи Дур одамони дар ин сол таваллудшударо пурасрор медонанд
Таваллудшудагони Соли харгӯш чӣ гунаанд?
Рамзи соли2023, яъне харгӯш барои инсоният рӯшноӣ ва хушбахтии бештар, соли умедбахштарро арғувон меорад.Иддае азҷомеашиносон бар ин назаранд, ки кӯдакони дар ин сол таваллудшуда ҳушёр, шӯх, тезкор ва оқил ҳастанд. Онҳое, ки дар соли харгӯш таваллуд шудаанд, аз комилтарин афрод ҳастанд, аммо ин камолот бо худ камбудиҳо низ дорад. Одамони дар ин сол таваллудшуда одатан якҷоя буданро дӯст медоранд. Ин одамон хеле нозуктабиатҳастанд ва бо зеборухон хеле зуд муносибатҳои маҳрамона барқарор мекунанд. Одамони дар соли харгӯш таваллудшуда ба меҳмонӣ рафтан ва ба меҳмон даъват кардан шавқи зиёд доранд. Нафароне, ки дар Соли харгӯш таваллуд шудаанд, кам асабонӣ мешаванд ва онҳо одатан ором ва сулҳхоҳанд. Дар амал андаке эхтиёткоранд, барои ҳамин ҳам масъулияти корро кам қабул мекунанд. Аммо онҳо дар кори худ хеле муваффақ хоҳанд шуд ва ин аз зиракии онҳо дар иқтисодиёт маншаъ мегирад. Вақте ки бо мушкилоти душвор рӯ ба рӯ мешаванд, онҳо ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода намешаванд, балки дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо истодагарӣ мекунанд. Хусусияти харгӯшҳои нарина дар он аст, ки онҳо ҳамеша бо одамон бо муомилаи хуш ва бо табассуми нарм муроҷиат менамоянд, ки атрофиён онҳоро асил ва дӯстона қабулмекунанд.Ин маънои онро дорад, ки онҳо дар зиндагӣ ба муваффақияти чашмрас ноил мешаванд. Харгӯшҳои модина дар баробари намуди зоҳирии зебою хоксор, қалби пок низ доранд.Ҳамчуниндар соли харгӯш бисёр одамони боистеъдод ва маъруф, ба монанди нобиға Алберт Эйнштейн ва Мария Складовска-Кюри, нависанда Ҷорҷ Оруэлл, бастакор Сергей Прокофев, ҳунарпешаҳо. Александр Пороховшиков ва Георгий Жженов, сарояндагон Эдит Пиаф ва Уитни Хюстон, футболбозонон Дэвид Бекхэм ва Лионел Месси ба дунё омадаанд.
Ба ин тартиб, Соли нави 2023 мувофиқи тақвими мучал, ки Соли харгӯш аст, тибқи боварҳои мардумӣ, соли серҳаракату бобарор хоҳад буд. Мо низ умедворем, ки хонандагони нашрия дар Соли харгӯш дар роҳи расидан ба мақсад чолокиро аз даст надода, бо суръати тамом ба комёбиҳо ноил гарданд ва зебогиву табассумро дар худ нигоҳ доранд.

Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: