ПАЛАНГИ БАРФӢ БОЯД ЗЕРИ ҲИМОЯ ҚАРОР ГИРАД17-12-2019, 16:07
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
Паланги барфӣ чист?
Паланги барфӣ гурбасоне аст, ки ба далели нодир ва зебо буданаш дар ҷаҳон шӯҳҳрат пайдо кардааст. Пашми ғафси сафеди бисёр зебо, пӯсти ба ранги зарди камранг ва холҳои зарду мушкӣ аз вижагиҳои зоҳирии аслии палангҳои барфӣ аст. Ранги сафеди ин ҷонвари нодир ҳангоми шикор барои камин гирифта пинҳон шудан кӯмак мерасонад. Ин гурбасон панҷаҳои бисёр бузург ва думи дароз дошта, ба сардӣ ва хушкӣ хеле тобовар аст. Панҷаҳои ин ҷонварон бисёр қавӣ буда, дар ҳоли зарурат метавонанд то ба 15 метр ҷаҳанд. Дарозии бадани палангҳои барфӣ ба 1,2-1,5 метр мерасад ва дарозии думашон ба танҳоӣ то 90 сантиметр аст. Вазни ин ҷонварон аз 25 то 56 кило мебошад. Ғизои палангҳои барфӣ Палангҳои барфӣ, ки дар минтақаҳои сард ва кӯҳҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, бештар гӯсфанд ва бузҳои кӯҳиро истеъмол мекунанд. Тавре ки ёдрас шудем, палангҳои барфӣ панҷаҳои хеле қудратманд дошта, метавонанд ҳайвоноти вазнашон се баробар зиёдро низ аз пой афтонанд. Палангҳои барфӣ инчунин баъзе парандаҳо ва ҳайвоноти хурдтареро, мисли заргӯш шикор мекунанд. Ҷамъият Ҷамъияти ин гурбасонҳо дар минтақае, ки зиндагӣ мекунанд хеле кам аст. Тахмин зада мешавад, ки дар олами вуҳуш (ҳайвоноти ваҳшӣ) 3500 -4000 палангҳои барфӣ мавҷуданд ва тақрибан 600-700 адади ин ҷонварони гурбасон дар боғҳои ҳайвонот нигоҳ дошта мешаванд. Ба далели табиатан шармгин будани ин ҷонварон ва гурезашон аз инсон шумораи дақиқи палангҳои барфиро дар табиат муайян намудан ғайриимкон аст. Дар Тоҷикистон тақрибан 300 то 400 адад палангҳои барфӣ зиндагонӣ мекунанд. Мутобиқи маълумоти олимони соҳаи табиатшиносӣ, дар Тоҷикистон палангҳои барфӣ дар зиёда аз 20 силсилакӯҳҳо: Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазратишоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи улум, Пётри Як, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон, Шоҳдара, Пшат, Музкӯл, Сарикӯл, Аличӯри ҷанубӣ, Вахон, Олой ба назар мерасанд. Майдони паҳншавии паланги барфӣ дар Тоҷикистон тақрибан 86 км2 –ро фаро мегирад. Одати табиӣ Палангҳои барфӣ одатан дар мавзеъҳои сард, хушк ва дар минтақаҳои сангӣ, монанди кӯҳ ва дараҳо зиндагӣ мекунанд. Ин гуна муҳит барои онҳо фурсати бештари пинҳоншавиро ҳангоми шикор фароҳам меорад. Ин гурбасонҳо ҳангоми тулуъ ва ғуруби хуршед дар фаъолият ҳастанд ва ба ҳамин далел дидани онҳо кори чандон осон нахоҳад буд. Бар хилофи одати дигар гурбасонҳои бузург, мисли бабр ва паланг, палангҳои барфӣ қодир ба ғуррос задан нестанд. Ин ҷонварони нодир одатан танҳо зиндагӣ ва шикор ва танҳо ҳангоми ҷуфтшавӣ якдигарро ҳамроҳӣ мекунанд. Тавлиди насл Паланги барфии мода дар як сол ду то се насл ба дунё меоварад. Бачаҳои паланги барфӣ ҳангоми таваллуд пашми ғафс ва маҳин доранд. Палангбачаҳои барфӣ то се моҳ дар канори модар мемонанд ва усули шикор карданро меомӯзанд. Модапаланги барфӣ зимистони нахустинро низ бо бачаҳояш мегузаронад ва сипас палангбачаҳо ба сурати мустақил, бидуни кӯмаки модар рушд мекунанд. Палангҳои барфиро боз дар куҷо метавон дид? Палангҳои барфиро метавон дар кӯҳу дараҳои бисёр баланд мушоҳида кард. Ин гурбасонҳо дар шимол дар Тоҷикистон, Афғонистон то Қазоқистону Россия ва дар шарқ то Ҳиндустону Хитой паҳн шудаанд. Нуктаи ҷолиб ин аст, ки то 40% палангҳои барфӣ дар Хитой зиндагӣ мекунанд, вале аз лиҳози масоҳатиқаламрави зист ҷамъияти бештари он дар Тоҷикистон аст. Имрӯз фурсати он расидааст, ки вазорату идораҳои масъули давлатӣ дар иртибот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҳифзи паланги барфӣ, ки яке аз ҳайвоноти нодири кишвари мо маҳсуб мегардад, чораҳои муассир андешанд. Вагарна дар акси ҳол эҳтимол дорад, ки номи ин ҷонвари зебо мисли бабри тоҷикӣ, ки бебозгашт аз даст рафт, дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд. Нигора Саидбекова |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.