Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷонвари хурд, аммо ҳушёр

Ҷонвари хурд, аммо ҳушёр

1-01-2020, 16:10
Хабарро хонданд: 2937 нафар
Назарҳо: 0
Ҷонвари хурд, аммо ҳушёр
Фоли соли Муш
Соли нави 2020 барои чиниҳо аз шанбе, 25 январ оғоз ёфта, 11 феврал ба поён мерасад. Муш аввалин ҳайвон дар чархаи 12 ҳайвони зодияк (мучал)-и ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла хитоиҳо аст.
Ба ақидаи аксари чиниҳо, дар ин сол одамон эҳсоси неруи зиёд хоҳанд кард. Бисёриҳо итминон пайдо мекунанд, ки тавони дар зиндагӣ ба ҳар гуна мақсаду маром расиданро доранд. Инсон ба қудрати созандагиаш бештар бовар мекунад.
Мушҳо боҳуш, мутафаккирва дар корҳояшон муваффақ ҳастанд. Ва аксар кӯшиш мекунанд, ки кору зиндагии ороме дошта бошанд. Онҳо бовуҷудизоҳир ва ҷисми хурд доштан, аз қадим боиси нороҳатӣ ва хатари инсонҳо буданду ҳастанд. Бесабаб нест, ки мо ҳар ҷое, ки мушро мебинем, албатта ва беихтиёр «Муш!» - гӯён фарёд мезанем, ки ин ҳам як нишонаи бечорагии мо пеши ин ҷонвари хурдакак ва тавонмандиҳои он аст. Аммо дар адабиёти мо симои ин ҷонвар асосан манфӣ ва мазлум ифода мешавад, ки намунааш достони «Мушу Гурба»- и Убайди Зоконӣ аст. Сарфи назар азон ки дарадабиёту фарҳанги анъанавии мо ин ҷонвари ноҷинсак бо чеҳраи манфӣ тасвир мегардад, дар осори адабию филмҳои тасвирии аврупоиҳо ва Ғарбаз мавҷудоти дӯстдоштаи мардум аст. Микки Маус, Ҷерри ва Литтл Стюарт намунаҳое аз қаҳрамонони машҳури ин филмҳоянд,ки ба воситаи осори бадеӣ, филмҳои ҷолибу диданӣ ба зеҳни кӯдакону бузургсолони мо низ гузаштаанд.
Таъкиди созандагони ин ҳикояву афсонаҳо бар он аст, ки муш бо вуҷуди ҷуссаи реза доштан намуна ва рамзи доноӣ, заковат, кунҷковӣ, созмондиҳӣ ва ҳамзамон, вайронгариҳост. Ҳамин мушҳоянд, ки алорағми ҷуссаи хурдашон тавоноиҳои фавқулода азимдоранд ва гоҳе корҳое анҷом медиҳанд, ки то чашм набинад, ақл бовар намекунад.
Тавре гуфтем, Соли нав дар Хитой 25 январ оғоз меёбад. Ин бор он бо симои муш вориди ҷомеаи як миллиарду 450 миллионнафарии ин кишвар ва мардумони тамоми сайёра мешавад. Бо симои муше, ки ранги филизи нуқраии сафед ё тавре мардуми мо мегӯянд, «хокистарӣ»- ро дорад.
Чиниҳо бар ин боваранд, ки «тофу» (панир) боарзиштарин ғизо барои дастархони солинавӣ хоҳад буд, зеро муш ин навъи ғизоро дӯст медорад ва бо бӯи он аз ҳар сӯрохе, ки бошад, берун меояд.
Ба ин восита, одамоне, ки ин назокатро риоя мекунанд, барои тамоми сол сарвату дороиро ба сӯи худ мекашанд. Бино ба ақидаи ривоҷёфта дар байни чиниҳо, дар маросимҳои ҷашни Соли нав одам бо беҳтарин, зеботарин ва гаронбаҳотарин пӯшоку ҷавоҳирот бояд ҳозир шавад,зеро муш ошиқи зарофату боигариҳо буда, аз миёни хубон хубтареро интихоб мекунад. Ҷонвари хурд, аммо ҳушёр
Шуғл ва сарват
Баръакси соли хук, ки одам зери унсури заминқарор дорад, дар соли муш таҳти унсури филиз (металл)-и нуқра аст. Аз илми физика медонем, ки МЕТАЛЛҳо (филизот) моддаҳое мебошанд, ки хосияти баланди гузариши барқ ва гармӣ, тобандагӣ, тобпазирӣ(пластичность) ва рахшандагиро доранд. ( Дар миёни ҷавонони мо ва умуман мардуми дӯстдори мошинҳои сабукрав як муддат мошинҳои ранги «металлик» хеле мӯд буд ва ҳоло қисми зиёди сабукравҳое, ки дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт мегарданд, ин рангро доранд).
Дар фолномаҳо зикр мешавад, ки тамоми иқдомҳои дарин сол оғозёфта, бо муваффақият ба иҷро мерасанд. Инсонҳоро фақат лозим аст, дар ин сол ба ҳар корбо дили гарму азми қавӣ сар кунанд.
Ҳар яке аз мо бояд ҷиҳати иҷрои мақсадҳоямон беамон бошем ва ҳаргиз ба рӯҳафтодагӣ роҳ надиҳем, бо сахтӣ ҳам бошад, мушкилотро паси сар созем, дилсард набошем. Ба умеди дигарон камтар шуда, худ пайи ҳалли мушкилиҳо кӯшиш намоем.
Ишқи мушҳо
Дар ин ҷода одамоне, ки дар соли муш зода шудаанд, дар пайроҳаи ҳамсарӣ бовафоянд, ба мушкилиҳо тобовар. Занҳои дар ин сол ба дунёомада ба монанди онҳое, ки мучалашон хук аст, сермаҳсул ҳастанд. Зиндагии муш бо одамони таваллудёфта дар солҳои гов, саг ва маймун бо маром ва тӯлонӣ хоҳад буд.
Хонавода
Дар масъалаҳои оилавӣ дар ин сол бояд бештар таваҷҷуҳкарда, гоҳе маврид азбаҳри чизҳое бояд гузашт ва барои таҳкими оила кӯшидан лозим аст. Ҳатто уҳдадориҳои кориро гоҳе яксӯ гузошта, азпаси ҳалли душвориҳои рӯзгорбояд шуд.
Зиндагии шахсиро яксара барномарезӣ намуда, ризогии аҳли байтро ба даст овардан лозим аст.
Саломатӣ
Гоҳе эҳсоси хастагӣ мекунед, аммо ин ҳолат гузарон аст. Дар нимаи дуюми сол рӯҳияи одам нав мешавад, аммо барои ҳамеша хуб будани ҳолати ҷисмонӣ лозим аст, ки сар аз аввали сол барои варзиш ва иҷрои чанд машқи сабуки гимнастикӣ ҳар саҳар вақт ҷудо кунем. Ҳар рӯз варзиши бонизому сабук кардан аз харҷи калони табобатӣ пешгирӣ менамояд. Машқ имконеро фароҳам меоварад, ки сарфи назар аз мушкилот ва куфтагии рӯзона шаб хоби орому бофароғат дошта бошем. Маҳсули кори рӯзонаамон ҳам назаррас мегардад.
«Шанс»-ҳои мо дар соли муш
Чи дар соли муш ва чи дар ҳар вақти дигар бахт ё ба таври дигар гӯем, «шанс» доим дар паҳлӯи мост,фақат лозим аст ба маврид эҳсос намоем, ки кай ва чи гуна равзанаро барӯяш боз кунем. Чиниҳо мегӯянд, ки ҳеҷ чиз бахт ё «шанс»-ро бештар аз ҳолате, ки ба он шаку шубҳа дошта бошем, сахт наметарсонад.
Ба ин далел, касоне, ки шӯру шавқ нишон медиҳанд ва бо суръат амалмекунанд, муваффақияти худро бештар таъмин мекунанд.
Хосиятҳои муш
Бо таваҷҷуҳба ин ки муш аввалин ҷонвар аз 12 ҳайвони тақвим аст, ин сол оғозбахши солшумориимучали дувоздаҳгона мебошад. Аз ин рӯ, имсол замони хуби сар кардани иҷрои лоиҳаҳои бузург, фурсати муносиб барои шурӯи тиҷорат ва барпо кардани оила низ хоҳад буд.
Лозим ба ёдоварист,ки дар фарҳанги анъанавии чинӣ,муш ба унвони ҳимоятгар ва саодатмандӣ низ шинохта шудааст.
Дилёбу маҳфилоро !
Кӯдаконе, ки дар соли муш таваллуд мешаванд, ҳамзамон, баробари шармгину ботавозӯъ будан, баҳуш вабо диди гиро (назораткунандаи хуб) ҳастанд.Онҳо дар маҳфилу маросимҳо ва ҷамъи дӯстон зуд ҷои худро пайдо карда, мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд.
Ҷонвари хурд, аммо ҳушёр
Онҳо чун ба балоғат мерасанд, қобилият ва маҳорати баланди маҳфилороӣ доранд. Рафтори худро дарҳама ҳолат идора карда метавонанд. Назму тартибро риоя мекунанд, бо лутфу равиши ором ба ҳалли ҳар навъ мушкил роҳ мекушоянд ва дар зиндагии худ муваффақ мешаванд.
Одамони дар соли муш бадунёомада, дар Чин ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба маънои шахсони бо зеҳниятва зиракии баланд, дорои сифатҳои дилрабоӣ ва қаноатмандӣ, шуҳратпарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҳатман ба намунаи одамони бетоқатуҳассос, ҳамзамон, интиқомҷӯву ҳиллагар низ шинохта мешаванд.
Достони қадимаи Шарқӣ
Буддо аз ҷонварон даъват кард, ки ба наздашҳозир шаванд,то тарҳи тақвими зиндагиро барояшон эълон кунад. Пас аз ин даъват ҷонварон ба ҳар восита дар талоши расидан ба назди Буддо шуданд. Аз соҳили дигари дарё муш ҳам худро ба гардани говмешгирифт то ба макони таъиншудабирасад. Дар ҳоле ки ба бадани говмеш часпида буд,ҳар замон ба гӯшаш пичиррос мезад: «Тезтар шино бикун, тезтар, то аз дигарон дер намонем!».Гов ҳам талоши пеш аздигарон расиданро дошт, аммо чун ба ҷои лозим расид, муш аввал шуда худро пеши пои Буддо партофт. Буддо ҳам барои чолокиаш мушро мукофот дод –акнун он ҳар ду шоха ё чархаи тақвимии дувоздаҳ ва шастсоларо сарварӣ мекунад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: