АФКОРИ ДАВЛАТСОЗӢ РУҲИЯИ СОЛИМ МЕХОҲАД, КИ НАҲЗАТИҲО НАДОРАНД15-09-2021, 13:29
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
ЁВОН:- Мусаллам аст, ки агар давлате побарҷо ҳаст ва тараққиёту пешравӣ дар он дида мешавад, интизории ҳар рӯйдоди хуш ва нохуш аст. Чашми ҳасудбинон доимо дунболи хиёнат, мансаб, зарар ва задани теша бар решаи миллат ва давлат аст, ки ба ин ҳасудон шумо харгӯшони гурезони луқмаи гургон мисол шуда метавонед. Имрӯз давлати Тоҷикистон бо доштани нуҳ миллион нафар аҳолии хеш дар ҷаҳон бо Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати абарқудрат ва сулҳофар шинохта шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар тамои дунё омӯхта мешавад. Имрӯз ҳамчун як фарди даврони соҳибистиқлолии кишвар афсӯс аз он мехӯрам, ки сиёсатмадорони кулли ҷаҳон ба қудрати сулҳофаринии миллати тоҷик ва Пешвои сарсупурдааш садҳо таҳсину офарин мехонанду лек ду се нафар бозичаи дасти хоҷагон, ки ин миллат бо айби ин шахсиятҳо муддате ба чоҳи зулмот рафта буд, худро тоҷик муаррифӣ намуда, аз номи миллати тоҷик сухан мегӯянд. Миллати тоҷик аз шумо барин миллатдорону паймонсозон садҳо маротиба безор аст, зеро шуморо аҳду паймони худатон ноустувор аст, шумо сагони косалесе беш нестед. Ин хоинон танҳо як мақсад ва як маром доранд, ин ҳам бошад мансабхоҳию мансабталошӣ, дигар ҳеҷ… Вақте ҷамъомади худмаслакони бо ном Паймони миллии Тоҷикистонро дар Варшава тамошо намудем, бидуни тардид ба андеша меравед, ки чӣ тавр инсон тамоми арзишҳои олии инсонии худро зери пой намуда, барои пулу сарват ба худ, оилаи худ ва миллати худ хиёнат менамояд. Дар “хона”-и мардум зиндагӣ карда, ба ватани аҷдодияш бо тамоми роҳҳои барояш дастрас, ки бегонагон ёдаш додаанд, санг меандозад. Агарчи то ин дам аксарияти сокинони кишварамон аз қаллобӣ ва ифротгароии пайравони наҳзатӣ огоҳ буданд, аммо паҳлӯҳои ноаёни кирдорҳои бешарафонаи ин нафарро ба доираи васеи тамошобинон нишон дод, ки тоҷикон нанг меҳисобанд. Воқеан, дар ҳама гуна ҷомеа мушкилот вуҷуд дорад ва ҳалли мушкилотро танҳо бо роҳи мусолиҳатомез ва вобаста ба имкониятҳои мавҷуда метавон бартараф сохт. Аз мушкилот ҳангома сохтану онро яктарафа баҳогузорӣ намудан ин нишонаи ҷавонмардӣ нест. Ва бояд ба иродаи сиёсии мардум, ки тавассути қонунгузорӣ дар ҷомеа амалӣ мегардад, эҳтиром гузошт. Имрӯз кишвари Тоҷикистон хушбахтона орому осуда ва ҳар як ҳамватан аз оромию осудагии кишвар шукргузор аст. Барои мардуми бумӣ аз ҳама муҳим сулҳу ваҳдат ва оромию осоиштагист, ки дар фазои якдигарфаҳмии комили сиёсӣ кору зиндагӣ мекунанд. Мо аҳли зиё муваззафем, ки ба ҳамлаи равонии мухолифини сарсахт бо амали воқеӣ ва дастгирию сарҷамъӣ атрофи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша муттаҳидона кору амал намоем. Зеро муттаҳидии мо умри хоинону бадхоҳони миллату давлатро ба якборагӣ кӯтоҳ ва чеҳраашонро зарду хира месозад. Абдуллозода Саёҳат, узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.