Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шикор - соҳаи зарурӣ ва даромаднок

Шикор - соҳаи зарурӣ ва даромаднок

16-04-2022, 14:30
Хабарро хонданд: 57 нафар
Назарҳо: 0
Шикор -  соҳаи зарурӣ ва даромаднок
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯз то рӯз гулгулшукуфо гашта, дар ҳама соҳаҳо пешравиҳои назаррас дорад. Тасмим гирифтем, дар бораи як самти барои ҷамъияти ҷаҳонӣ зарур ва ҳамзамон барои кишвари азизи мо муфид, соҳаи шикор суҳбат ороем. Бо ҳамин мақсад бо Раиси Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон Панҷиев Баҳодур Давлатович вохӯрдем. Мавсуф яке аз роҳбарони ботаҷриба дар ин соҳа буда, бурду бохти ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ноҳияи Носири Хисрав ва дар маҷмуъ кулли соҳаро мусбат арзёбӣ намуд. Дар зер хулосаи суҳбатро пешкаши хонандагон мегардонем.
- Баҳодур Давлатович, мехостем дар бораи шикор ва сайёҳӣ дар ноҳияи Носири Хисрав маълумоти мухтасар медодед?
- Иҷозат диҳед, аввал дар бораи паҳлуҳои қонунии ин соҳа сӯҳбатро оғоз намоем. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шикор ва хоҷагии шикор асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии пешбурди хоҷагии шикорро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифодабарии устувор, ҳифзу барқароркунии захираҳои ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо, инчунин ҳуқуқи бо шикор машғул шудани шаҳрвандон ва ҷамъиятҳои онҳоро танзим менамояд. Ҷиҳати рушди туризми шикор ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ барои солҳои 2017- 2018 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор қабул гардид.
Бояд гуфт, ки шикор яке аз навъҳои сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ роҳандозӣ мешавад. Барои шикори ҳайвонот, тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамасола квота ҷудо мегардад ва ин квота барои харидорӣ намудани намудҳои гуногуни ҳайвонот истифода мегардад.
Инчунин, Чилучорчашмаи машҳур ҳам дар ноҳияи мо ҷойгир аст, ки ҳамарӯза сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он дидан менамоянд. Чилучорчашма аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар масофаи 200км, аз маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар дар масофаи 120км ва аз маркази ноҳияи Шаҳритус дар масофаи 7км дуртар ҷойгир мебошад.Табиати ин мавзеъ ниҳоят гарм ва хушк мебошад. Ҳарорати ҳаво дар тобистон ба 47-48 дараҷа гармӣ мерасад.Аз обҳои шафофи он сайёҳон нӯшида дар оби он оббозӣ намуда, истироҳат мекунанд.Дар зери оби шафофи чашма алафҳои хеле зебо мерӯянд, ки ба ин мавзеъ ороишу зебогиҳои аҷиберо зам мекунад. Моҳию морҳои чашма дар оби шафофи он бараъло намоён мебошад.Яке аз хусусиятҳои муқадасоти чилучорчашма аз он иборат мебошад, ки аз аввали пайдоиш то ба имрӯз обу ҳаво ва табиаташ дигар нашуда рӯз аз рӯз мавзеъи он зеботару оботар гашта истодааст.
- Шикор дар Тоҷикистон аз кай оғоз меёбад?
- Мавсими шикор дар Тоҷикистон ба ду қисм ҷудо карда шудааст: баҳорӣ ва тирамоҳӣ-зимистонӣ. Мавсими шикори тирамоҳӣ-зимистонӣ то 25 январ давом мекунад ва аз 5 феврал ҳамасола мавсими шикори баҳорӣ оғоз мегардад. Мавсими тирамоҳӣ-зимистонӣ, ки вақти зиёдтарро дар бар мегирад ва дар ин вақт шикори ҳайвонот ва паррандаҳо иҷозат дода мешавад. Дар ин мавсим асосан шикори хуки ваҳшӣ, ҷайра, гург,мурғобӣ,харгӯш, қашқалдоқ,кабк, кафтар ва ғайра иҷозат дода мешавад. Ҳаминро ҳам бояд хотирнишон кард, ки барои баъзе аз ҳайвоноти ваҳшие, ки дар Китоби Сурхи Тоҷикистон шомил ҳастанд, иҷозати махсус гирифта мешавад.
- Нархи иҷозатнома барои шикор гарон аст ё арзон? Мехостем дар ин бора рӯшанӣ меандохтед.
- Шикори ҳайвонот ва иҷозатнома барои шикор аз тарафи Ҷамъияти шикорчиён ҳамасола дар арафаи мавсими шикор дода мешавад ва ин нархномаҳо ҳар сол боназардошти табиати кишвар тағйир дода мешавад.
Дар мавсими шикори солҳои 2021-2022 нархи иҷозатнома чунин буд: хуки ваҳшӣ -112 сомонию 57 дирам, мурғи ҳимолоӣ - 30 сомонию 27 дирам,кабк – 28 сомонию 14 дирам, суғур – 90 сомонию 6 дирам, харгӯш – 8 сомонию 65 дирам, бедона – 3 сомонию 26 дирам ва ғайра, ки ин ҷо мо ҳамон ҳайвоноту паррандагонеро мисол овардем, ки шикорчиён бештар ба онҳо таваҷҷуҳ доранд ва дар ноҳияи мо зиндагӣ мекунанд.
- Дар мамлакатҳои дигар шикорро соҳаи даромаднок мегӯянд ва сайёҳҳону шикорчиёни зиёдро ҷалб мекунанд. Дар мо чӣ?
- Шикори ҳайвонот дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Хатлон дар мавсими шикор бо ҷалби сайёҳони хориҷӣ гузаронда мешавад . Дар ҳудуди заминҳое, ки ҳайвоноти ваҳшӣ сукунат доранд, хоҷагиҳои шикор ташкил шудаанд. Сайёҳон барои шикор ба кишвари мо, асосан, аз Олмон, Фаронса, Испания ва дигар давлатҳои Аврупо ташриф меоранд. Шикор аз моҳи сентябр то март дар ду давра идома меёбад. Вақтҳои боқимонда давраи нашъунамо, наслгирӣ ва зиёдшавии саршумори ҳайвонот буда, шикор манъ аст. Аммо ҳаминро ҳам бояд гӯем, ки барои ҷалби сайёҳон корҳои зиёде бояд анҷом дода шавад. Солҳои охир аз тарафи роҳбарияти болоии кишварамон ба ин соҳа ҳам диққати махсус дода мешавад. Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан барои пешрафти ин соҳа корҳои зиёдеро анҷом доданд, ки дар даврони Шуравии машҳур анҷом напазируфта буд. Ғамхорӣ ба ин соҳа ҳам барои буҷети мамлакат муфид асту ҳам барои ҳифзи муҳити зист заруру саривақтӣ мебошад.
- Ташаккур барои суҳбати самимӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: