Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » 28 ҚАДАМИ УСТУВОРИ ҲИЗБИ МАРДУМӢ

28 ҚАДАМИ УСТУВОРИ ҲИЗБИ МАРДУМӢ

30-11-2022, 11:33
Хабарро хонданд: 476 нафар
Назарҳо: 0
28 ҚАДАМИ УСТУВОРИ ҲИЗБИ МАРДУМӢМусаллам аст, ки давлатдорӣ кардан худ маънои рақобат намуданро дорад. Агар чунин рақобат солиму созанда буда, баҳри пешрафт ва касби нуфуз дар ҷомеа роҳандозӣ гардад, пас, ба андешаи инҷониб, давлат умри бардавом дидаву сиёсати он мақбули ҳамагон мегардад. Сиёсати давлат, ки зодаи ақлу хиради инсонист, метавонад дар муддати кӯтоҳтарин ормонҳои миллии мардумро бароварда созад ва барои насли оянда заминаҳои хуби зиндагии шоистаро фароҳам оварад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи дилу тафаккури мардум реша мегирад. Он аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои зиндагии босаодати миллат ва ободии ватан саъю талош меварзад. Онро метавон ягона неруи сиёсии кишвар номид, ки дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофари миллӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, борҳо ин афзалияти хешро собит намудааст. Онҳо идея ва шеваҳои хосаи сиёсие мебошанд, ки имрӯз зербинои пешрафтро дар мамолики мутамаддини ҷаҳон фароҳам овардаву низоми сиёсии оламро муваффақона идора мекунанд. Хушбахтона, чунин низоми сиёсӣ солиёни зиёд аст, ки фаъолияти рӯзмарраи сиёсати давлати Тоҷикистонро бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил дода, натиҷаҳои чашмгиреро ба бор оварда истодааст. Ба қатори чунин унсурҳои афзалиятноки сиёсӣ метавон озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили плюрализми сиёсӣ, бисёрҳизбият, озодии афкор, озодии сухан ва матбуот, таъмин намудани интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун дар баробари тамоми шохаҳои ҳокимият дар ҷомеа, озодии ҳама навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ба вуҷуд овардани иқтисодиёти гуногуншакл ва ба ихтиёри шахсони алоҳида, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ вогузор намудани моликияти давлатӣ, таъмини рақобати озоди иқтисодӣ, рушди иқтисоди бозорӣ, соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна ва амсоли чунин тадбирҳоро ворид намуд, онҳо ки дахолати давлатро ба интихоботи озодонаи ҷомеа ва фаъолияти ҳамарӯзаи шаҳрвандон ба маротиб коҳиш дода, барои рушди озодонаи мамлакат шароити мусоидеро фароҳам меоваранд.
Ҳамин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз афкору эътиқодоти мавҷудаи сиёсӣ, аз ҷомеаи кишвар бартариҳои зикршударо замоне гирифта ба раванди амалкард вогузор намуд, ки онҳо ҷавобгӯйи хостаҳои миллии мардум маҳсуб ёфта, пешрафти бомароми давлат ва суботу оромиии сиёсиро дар ҳама сатҳҳои ҷомеа таъмин карданд. Маҳз ҳамин некхоҳӣ, хушбинӣ ба ояндаи дурахшон ва баҳамоварии ормонҳои миллӣ буданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон тақдири минбаъдаашро ба ин ҳизби сиёсӣ пайваста, аз ғояҳои созандаи он якдилона ҷонибдорӣ намуд. Болотар аз ин, дар маъракаҳои интихоботӣ ба намояндагони ҳизби мазкур раъйи худро дода, зимоми қудратро ҳар навбат ба эътимоди бештару қавитар ба дасти ин ҳизби сиёсии кишвар супорид. Ин аст боварӣ, эътимод ва муҳаббату садоқат нисбат ва низом ва гурӯҳи сиёсие, ки мехоҳад ва метавонад давлатро ба маҷрои рушди босубот ворид намуда, зиндагии арзандаеро баҳри сокинонаш фароҳам оварад.
Воқеан, роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ роҳи мушкилу пурпечутоб, пур аз моҷароҳои сиёсӣ, аммо бошарафона ва садоқатмандона буд. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон борҳо ҳизби халқӣ будани худро нишон дода, исбот намудааст, ки тавъам бо ормонҳои миллии мардум мебошад. Тамоми афкору маънавиёт ва шуури сиёсиаш аз дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш танҳо ва танҳо ба манфиати халқ равона гардидааст. Ҳамин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, то аз тариқи намояндагони худ дар мақомоти қонунбарор ва иҷроияи кишвар ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафу нақшаҳои созандаи хеш фаъолияти назарраси сиёсиву иҷтимоиро роҳандозӣ намояд.
Дар партави гуфтаҳои фавқуззикр бояд иброз намуд, ки Парламент инъикосгари асосҳои демократии давлат буда, ба ҳайси кафили воқеии демократияи он баромад менамояд. Дар он намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии гуногун бо барномаҳои махсус сарҷамъ омада, ҳар яке равиши пешрафт ва рушди бонизоми давлату ҳукуматро пешниҳод менамояд. Дар ин миён фаъолияти Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон махсус арзёбӣ шуда, он татбиқгари сиёсати кунунии давлат ва бевосита Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Боиси таъкид ва ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парлумони мамлакат ҷиҳати таҳия, баррасӣ ва қабули қонунҳо, ташвиқу тарғиби онҳо ва татбиқи нуктаҳои паёмҳои солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, робитаҳои байнипарлумонӣ ва мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон нақши муҳим доранд. Мавқеъгирии дуруст ва бамавриди фраксияи мазкур имкон медиҳад, ки нуктаҳои муҳимтарини низоми сиёсии кишвар дар ҳама қабатҳои иҷтимоии ҷомеа татбиқи хешро дарёфта, ба ин васила, ҳадафҳои асосии расидан ба ҳаёти осоиштаву таъмини мардум амалӣ гарданд.
Воқеан, таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки асри ХХI ба раванди ташаккули давлатдории навини миллати тоҷик таъсири чашмрасе гузоштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ масъалаи ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ ва низоми бисрёҳизбӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, вақт нишон дод, ки чунин ибтикори саривақтӣ судманд ва ояндадору дарозмуддат аст. Дар ин замина нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" қабул гардид. Қонуни мазкур нақш ва мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷомеа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро мушаххас намуда, муносибатҳои иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеаро ба воситаи рушди иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимиятро ба воситаи намояндагони худ пайваста танзим менамояд. Маврид ба зикр аст, ки барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, ҳамчунин амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботии худ вакилони Маҷлиси намояндагон метавонанд дар фраксия ва гурӯҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон муттаҳид шаванд. Бо ҳамин мақсад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фракcияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки фаъолияти пурсамар дорад. Боиси қаноатмандист, ки имрӯз Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бузургтарин фраксияҳои ҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 41 нафар аз вакилони мардумӣ узвияти ин фраксияро доранд. Инҳо нафароне мебошанд, ки аллакай ба боварии мардум сазовор гаштаву дар сатҳҳои гуногуни иҷрои вазифаҳои худ садоқату самимияташонро нисбат ба миллату давлат борҳо собит намудаанд. Ба ҳам омадани чунин гурӯҳи пуриқтидори зеҳниву сиёсӣ боис гаштааст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо рисолати бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона миёни мардум ба таври шоиста муаррифӣ гардида, аз як гурӯҳи хурд ба ҳизби воқеии халқиву муосир ва нерӯи пешсафу ташаббускору созандаи сиёсӣ табдил ёфтааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ, аз иҷрои чаҳор вазифаи пурмасъулияте, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, бомуваффақият ва сарбаландона баромад. Иҷрои ин вазифаҳо маънои ташаккули комили давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва зиндагии арзандаи мардумро дошта, бо чунин усул гурӯҳбандӣ шуда буданд:
• хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ;
• барқарор намудани сулҳу субот;
• таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ;
• ташаккул додани рукнҳои давлатдории миллии Тоҷикистон.

Дар пояи вазифаҳои иҷронамуда ва он масъулияте, ки барои таъмини ояндаи нек бар дӯш дорад, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ менамояд. Фаъолияти бонизоми ҳизби мазкур ба монанди чашмаи мусаффоест, ки аз он садҳо ҳазор нафар то имрӯз баҳравар гашта, самараи он пешрафти иқтисоду сиёсат, иҷтимоиёту фарҳангу варзиш, сулҳу суботи саросарӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум маҳсуб меёбад. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар муддати 28 сол ин мактаби бузурги сиёсии кишварро ҳамчун падидаи нави сиёсӣ ва неруи дорои ҳама имкониятҳои зеҳниву сиёсӣ пазируфта, ба он бовар ва эътиқоди худро бахшид. Чунин боварии сатҳи баланд аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки он дар симои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон наҷотгар ва давобахши ҳама нуқсонҳои сиёсиву иҷтимоии хешро дарёфт ва тақдири худу давлатро ба дасти он супурд. Натиҷаи ҳамин боварӣ ва ҳамкории судманд буд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар боре нашудааст, ки ҳатто шакку шубҳае дар ин ихлосу боварии мардум роҳ ёфта бошад. Дар ин муддат пайванди миёни ҳизб ва мардуму ҷомеа на танҳо устувору пойбарҷост, балки он сол ба сол дар ҳоли густаришу тақвиятёбӣ қарор дорад. Ба андешаи мо, маҳз ҳамин унсур маҳаки асосии рушди босуботи давлатро таъмин намуда, мавқеи онро дар ҷаҳони муосир мустаҳкам менамояд.
Мебояд ба хотир дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани зиндагии босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар раванди 28 соли фаъолияти хеш пайваста талош дошт ва ин раванд боз ҳам босамар идома дорад. Он Тоҷикистонро ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирӣ ва бомаром идома медиҳад. Тоҷикистон дар риояти ҳатмии ҳама уҳдадориҳои байналмилалӣ пайваста кӯшиш намуда, дар навбати худ аз ҷомеаи байналмилалӣ умед дорад, ки барои амнияти сайёра талоши дастаҷамъона хоҳанд варзид.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои барномавии худ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯйи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ, аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» роҳнамоӣ мекунад.

Фозил ОБИДЗОДА,
Зулфиқор ГУЛАҲМАДЗОДА,
Фраксияи ҲХДТ дар МН МО ҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: