Таҳти ин унвон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конфронси илмӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидов, муовини раиси Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад, муовини якуми раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ, вакилони мардумӣ, кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон, собиқадорони ҳизб ва намояндагони дигар ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.
Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Фозил Обидов чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати 26-солагии ҲХДТ табрик гуфта, суханро ба Зокирзода Маҳмадтоир Зоир – Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дод. Номбурда қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айёми бисёр ҳассос – замоне, ки кишвари моро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фарогир буд ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, ба фаъолият шурўъ кард. Дар он давраи душвор зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем. Ҳамин тавр, таҳти сарварии роҳбари давлатамон 26 сол муқаддам мо ба фаъолияти Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки баъдан вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа ба унвони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинохта шуд, замина гузоштем.
Раиси муаззами ҳизб ҳанўз дар оғози таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эълон дошта буданд, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми неруҳои созандаву солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандўстиву ватанпарварии мардуми кишвар аст. Ҳамин тариқ, таҳти роҳнамоии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавассути қабул ва ғанигардонии барномаҳои мукаммал тавонист, ки дар муддати ниҳоят кўтоҳ вазъи сиёсии кишварро муътадил созад.
Баъдан, муовини раиси Шўрои собиқадорони ҳизб, ходими давлатию ҷамъиятӣ Давлаталӣ Давлатзода маърўза намуда, таъкид дошт, ки таъсисёбии ҳизб дар як давраи хеле мураккаб сурат гирифта буд. Дар он давра, як қатор пояҳои давлатдорӣ суст гардида, гурўҳе аз яроқбадастон худро ҳокими мутлақ шуморида, мардумро истинтоқ мекарданд. Мардум дигар ба ҷамъияту созмонҳои ҳамонвақта эътимоду эътиқод намекарданд. Ана дар ҳамон давраи сарнавиштсоз зарурати таъсис додани ҳизбе пеш омад, ки сирф мардумӣ бошад ва халқро ба ҳам орад. Бо ҳамин нияту орзуҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ташаббускори асосӣ ва бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Маҳз бо дастгирӣ ва раҳнамоии Сарвари давлатамон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои мардум барномаҳои воқеӣ ва илман асоснок таҳия намуда, ҳамеша дар маъракаҳои интихоботӣ манзур менамуд. Воқеияти дигари баҳснопазир ин аст, ки мардуми шарафманди кишвар ба ғояҳои созандаи ҳизби мо эътимоди қавӣ пайдо карданд, зеро дар саргаҳи он ба созандагию бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо, ки барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад зимни баромади худ таъкид намуд, ки баъзан дар васоити ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ ҳизби моро ҳизби ҳоким ва ё аксарият парлумонӣ меноманд. Вале бояд иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тўли 26 сол аз имтиҳонҳои зиёде гузашта, қадру манзалаташро дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа таҳким бахшид ва исбот намуд, ки ҳизби мо мардумист ва ҳамеша манфиати халқро дар мадди аввал медонад. Ташкилотҳои ҳизбии мо доимо аз паи ҳаллу фасли мушкилоти мардум мебошанд.
Аз ин рў, сол то сол сафи аъзоёнаш зиёд шуда, имрўз қариб ба ним миллион расидааст. Метавон гуфт, ки ҳизби мо на ҳизби ҳоким, балки хизматгори халқ аст. Заминаҳои обрў ва эътибори ҳизби мо пеш аз ҳама, натиҷаи татбиқи ниятҳои созанда ба хотири осудагии рўзгори мардуми кишвар буда, аз сиёсати дурбинона ва оқилонаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Муовини якуми раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади худ атрофи мавқеи Сарвари муаззами кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободонӣ ва пешрафти кишвар ибрози андеша намуда, чунин гуфт: “Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати муосири тоҷиконро бунёд кард, халқи тоҷикро ҳамчун миллати дорои забони хос, фарҳанг ва таърихи қадимадошта, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. На ба ҳама сиёсатмадорони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ муяссар мегардад, ки бузургтарин неъмати дунё, сулҳу оромӣ, умеду армон ва зиндагии шоистаро барои мардумаш таъмин намуда, дар муддати кўтоҳ кишварашро чунин ободу зебо гардонад”. Дар идомаи суҳбаташ Гулбаҳор Назирӣ оид ба фаъолияти имрўзаи ҳизб, омилҳои нуфуз пайдо кардани он андеша баён дошта, чунин гуфт: "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нахустин ҳаракати сиёсии миллӣ дар оғози давраи истиқлолият дониста мешавад ва чун рамзи озодию демократия, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои халқ, Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини ягонагию тамомияти арзии кишвар таъсис дода шудааст. Ҳамаи ин, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳизби мо ваҳдати миллӣ манзалати махсус дорад ва он ҳамчун омили ваҳдатсоз, давлатсоз ва ҳамчун омили сиёсатсоз минбаъд фаъолият намуда, барои нигоҳдории сулҳу субот дар Тоҷикистон, барои мустаҳкам кардани давлати миллии Тоҷикистон хизмат менамояд.
Сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таҷрибаи ҷаҳонии давлатдориву ҷомеасозӣ ба вуҷуд омада, ташаккул ёфт ва дар роҳи фаъолияти зиёда аз чорякасраи худ зинаҳои нав ба нави густаришу пешрафтро сипарӣ намуд. Чунки маҳз ин сиёсат манфиати ҳамаи табақаҳои ҷомеаи моро фарогир шуда, таи ин солҳо ҳизб воқеан ҳам худро ҳамчун ҳизби халқӣ, ҳизби мардумӣ нишон дод.
Конфронси илмӣ бо садо додани Суруди миллӣ корашро ба анҷом расонд.
Т. Орифӣ