Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд

Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд

27-02-2026, 09:18
Хабарро хонданд: 17 нафар
Назарҳо: 0
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намудандТабибони тоҷик нахустин маротиба ба бемори 22-солаи дорои кистаи қисми бадани ғадуди зери меъда бо усули эндоскопӣ, яъне бе буриш тавассути даҳон систогастростомияи эндоскопӣ гузарониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни ташхис дар бемор кистаи бадани ғадуди зери меъда бо андозаи 17×9 см муайян карда шуд, ки ин ҳолат гузариши ғизоро ба рӯдаи дувоздаҳгузашта душвор мекард.

Баъд аз 24 соати амалиёти ҷарроҳӣ бемор ба хона рухсат дода шуд.

Қаблан барои табобати чунин беморон амалиёти ҷарроҳӣ ба таври кушода, яъне бо буриши ҷисм гузаронида мешуд. Ин ҳолат агар аз як ҷониб бо осеби бадани бемор анҷом меёфт, аз ҷониби дигар, муҳлати табобат ва барқарор гаштани вазъи саломатии беморонро зиёдтар мекард.

Бо усули нави ҷарроҳӣ беморон метавонанд бе буриш ва ҳамзамон баъди 24 соати амалиёти ҷарроҳӣ аз беморхона ба хона рухсат дода шаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: