Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Бардошт аз Анҷуман

Бардошт аз Анҷуман

20-12-2019, 14:19
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳалаи муҳими сиёсӣ - 25 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва омодагиҳо ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони маҳаллии дарпешистода доир гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар маърӯзаашон ҳамаи паҳлуҳои муҳими ҷомеаи имрӯзаро таҳлил намуда, бахусус фаъолияти баъзе ҷавононро, ки имрӯз ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро шомил гардида, даст ба корҳои номатлуб задаанд, қайд карда гузаштанд. Ин ҳолат мо вакилони Анҷуманро водор менамояд, ки баҳри тарбияи дурусти ҷавонон диққати ҳамаҷониба дода, онҳоро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳимояи ваҳдату истиқлолияти бадастовардаи миллат ва интихоби дурусти роҳи ҳаёт ҳидоят намоем.
Дар рӯзҳои мушкилу сарнавиштсози миллати тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун дармон ба дарди мардум ба арсаи таърих қадамҳои устувор ва шикастнопазир гузошт.
Дар заминаи талаботи сохтори демократии ҷумҳурӣ, аз ҷумла зуҳуроти бисёрҳизбӣ дар кишвар ба ташкили ҳизби нав иқдом карда шуд, ки он моҳияти демокративу дунявӣ дошта, ҳукумат ва мардум дар чунин шароити сиёсиву иҷтимоӣ дар симои ҳизби нави сиёсӣ такягоҳи боэътимоди худро дарёфт.
Ҳадафи Раиси ҳизб аз он иборат буд, ки ҳизби нав ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, бояд пеш аз ҳама, ниёзҳои иҷтимоии мардуми кишварро бароварда тавонад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шахсан иштирок дошта, ҳар як санади ташкилии ҳизбро мавриди назар намуда, онҳоро таҳрир ва такмил медоданд.
ҲХДТ аз рӯзи таъсисёбиаш демократияи давлатҳои пешрафтаро ҳамчун намуна қабул намуда, ҳамзамон модели демократии худро ташаккул медод. Тақлидро ба сифати оини усулии худ қабул намекард, чунки халқу миллати тоҷик ҳувияти хоса ва андешаи миллии худро дошта, арзишҳои волои умумибашариро мепазирад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи замони пурошӯбест, ки дар заминаи талошу кӯшишҳои халқи тоҷик барои ба даст овардани худшиносӣ ва соҳибистиқлолӣ ба арсаи сиёсат омад.
Имрӯз сафи мо аъзоёни ҳизб, аз ҷумла занону ҷавонон пайваста афзоиш меёбад. Ин раванди нек масъулияти ҳар яки мо ҳизбиёнро дучанд мегардонад.

Зулфия Ахмедова, омӯзгор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: