Фаъолияти ҳизбиёни Ёвон14-01-2019, 13:46
Хабарро хонданд: 384 нафар
Назарҳо: 0
ЁВОН:-Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар но{ияи Ёвон баргузор гардид, ки дар он соли 2018 соли бобарор арзёбӣ гардид.
Бисту чор сол муқаддам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони сиёсат ворид гардида, дар муддати начандон дарозе садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои озодиву баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёниву демократия сарбаландона собит намуд ва имрӯз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва бо умеди расидан ба ормонҳои миллӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ сохта истодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хоса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азиз пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба давра дар ҳоли густариш ёфтан мебошад. Мо бояд бошуурона дарк намоем ва асло фаромӯш насозем, ки сарбаландиву саодати мо бар асоси осудагиву сарсабзии Ватан бунёд меёбад. Аз ин рӯ, сарҷамъу муттаҳид будан дар атрофи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизбе, ки роҳбарии онро ин фарзанди фарзонаву дилсӯзи миллат ба уҳда дорад, метавонад мову кишвари моро дар муқобили ҳама ақидаҳо ва нақшаҳои харобкоронаи қувваҳои худхоҳу манфиатҷӯ устувору муқтадир гардонад ва ба фатҳи марҳилаи навини давлатдорӣ ҳидоят намояд. Сокинони ноҳияи Ёвон, ки аз ибтидо ҳамчун мардуми ватанпараст ва ҷонибдори қавииродаи сохти конститутсионӣ шинохта шудаанд, дар давоми 24 соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси аъзо ва ҳаводорони ин ташкилоти бонуфуз баҳри амалӣ гардидани мақсаду мароми халқпарваронаи он садоқатмандона саъю талош варзида истодаанд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои Оинномавии худ нақшаҳои зиёдеро амалӣ намуда, ҳамчун як ташкилоти ноҳиявии ин ҳизби мардумӣ барои боз ҳам қавитар шудан ва афзун гардидани нуфузу эътибори он пайваста чораандешӣ мекунад. Имрӯзҳо дар ноҳияи Ёвон шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қариб 11488 нафарро ташкил медиҳад, ки ин рақам дар қиёс бо шумораи беш аз дусадҳазорнафараи ноҳия хеле бузург аст. Ин нерӯи андак нест, балки қувваи бузургест, ки аз бовару эътимоди мардум ба ин ҳизб сарчашма мегирад. Ин ҳизб дар байни ҳама қишрҳои ҷомеа– зиёиён, коргарон, деҳқонон ва соҳибкорон аъзои зиёд дорад, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дурдасттарин деҳоти ноҳия, ташкилотҳои ибтидоии он мавҷуданд ва барои татбиқи ҳадафои ин ҳизби бунёдкор кору фаъолияти худро ба роҳ мондаанд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.