Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшида ба 27 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид.
Дар конференсия Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, муовини Раиси Маљлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тољҷикистон Мансурӣ Дилрабо, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ, намояндагони фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо, вазорату идораҳо, олимону муҳаққиқон, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ҳизбӣ иштирок намуданд.
Конфронсро Муовини якуми Раиси ҲХДТ, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор оғоз намуда, ҳозиринро бо 27-умин солгарди таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯли 27 соли фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаи кишварро аз роҳи сарбаста ба масири сулҳу субот, шукуфоӣ ва пешрафтҳои рӯзафзун раҳнамоӣ намуд.
Абдуљаббор Азизӣ иброз намуданд, ки «Нақши ҳизби мо дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат намоён ва бузургу барҷаста аст. Барои соҳиб шудан ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши бориз, муассир ва меҳварӣ дорад. Ҳизби мо ба ҳайси нерўи пешбарандаи ҷомеа аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки беш аз ним миллион аъзо ва ҷонибдорони зиёд дошта, дар ҳалли масъалаҳои ҳамарўзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ басо бузург аст».
Ҳамзамон, таъкид доштанд, ки «ҳизби мо садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолияту озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти њамаљонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирњои имконпазирро амалї мегардонад. Ҷиҳати рушди устувору бомароми мамлакат, ки ҳадафи он муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди неруи инсонӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҳар як шаҳрванди кишвар, пайваста саъю талош меварзад.
Муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ бо қаноъатмандӣ изҳор намуданд, ки мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва бо тамоми шароити мусоид таъмин шудани онҳо нишонаи таваҷҷуҳу ғамхории Роҳбари давлат ба аъзои ҳизб ва далели аҳамияти баланди сиёсию иҷтимоӣ доштани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар мамлакат мебошад.
Дар баромади худ муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён иброз намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созанда бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ пайваста саҳм гузошта, шаҳрвандонро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии мамлакат сафарбар менамояд.
Зимнан, Насриддинзода Эмомалӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар баромадаш аз ҷумла зикр дошт, ки Тоҷикисон дар тӯли 27 сол масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат бо маром рушд намуда, ба марҳилаҳои назаррас ноил гардидааст.
Инчунин, Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ташрифи ҳозиринро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» қариб се даҳсолаи охир садоқатмандона баҳри таъмини арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.
Дар идомаи конференсия, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Дилрабо Мансурӣ низ дар мавзӯи «ҲХДТ — роҳнамои халқ» ва Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат ва ҳизби бунёдкору ояндасоз» маърӯза карданд. Дигар иштирокчиёни конференсия дар мавзӯъҳои «ҲХДТ- падидаи сиёсии даврони Истиқлолият», «Нақши ҲХДТ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» ва ғайраҳо бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
Сипас, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар вазъияти тантанавӣ ба Китобхонаи Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Кангурт зиёда аз 1000 адад китоби бадеъӣ ва илмиро аз номи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, инчунин Тасвири ба сабки “Кундал” орододашудаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба муассисони кохи мазкур ва роҳбари бевоситаи он тақдим намуда, ба як қатор фаъолони хизб «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳо супорида шуд.
Ҳамоиш бо барномаи ҷолибу хотирмони фарҳангии санъаткорон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ҷамъбаст гардид.