Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Созандагони Ватан» муборизаро бар зидди ақидаҳои ифротӣ пурзӯр менамояд

«Созандагони Ватан» муборизаро бар зидди ақидаҳои ифротӣ пурзӯр менамояд

2-10-2015, 15:30
Хабарро хонданд: 747 нафар
Назарҳо: 0
«Созандагони Ватан» муборизаро бар зидди ақидаҳои ифротӣ пурзӯр менамоядИмрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар мавзӯи «Ифротгароии ҷавонон: омилҳо ва роҳҳои пешигирии он» мизи мудаввар баргузор шуда, ҳамчунин марҳилаи дуюми баргузории маҷмӯи чорабиниҳо оид ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ оғоз шуд.
Дар чорабинӣ оид ба ифротгароии ҷавонон, омилҳо ва роҳҳои пешгирии он, ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ки ба амнияти давлатҳо хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд ва огоҳ сохтани мардум, бахусус ҷавонон аз оқибатҳои нохуши онҳо маърӯзаҳо қироат гаштанд.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрӣ анҷом дода шуд. Зимни мулоқот атрофи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ суҳбати судманд доир шуд. Зимни машварат донишҷӯён аз ҳадафҳои шуми ҳизбу ҳаракатҳое, ки фаъолияташон манъ карда шудааст, огоҳӣ пайдо намуда, иқдомоти мақомоти давлатиро дар хусуси манъ намудани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳое, ки фаъолияташон хусусияти террористию экстремистӣ дорад, ҷонибдорӣ намуданд.
Дар назар дошта шудааст, ки чунин вохӯриҳо бо донишҷӯёни дигар макотиби олии шаҳри Хуҷанд баргузор шаванд.
Бояд иброз намуд, ки ТҶҶ «Созандагони Ватан» шурӯъ аз моҳи июн дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар марҳилаи аввали чорабиниҳоро ба хотири пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аз рӯи усули кӯча ба кӯча ба анҷом расонида, марҳилаи дуюми онро бо иштироки фаъолони ҷомеа ва донишҷӯёни макотиби олӣ шурӯъ намуд. Баргузории ҷунин мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо дар шаҳрҳои Хоруғ, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: