Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ваҳдат – ҳадяи таърих ва тақдир аст

Ваҳдат – ҳадяи таърих ва тақдир аст

10-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 109 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдат – ҳадяи таърих ва тақдир аст
Таҷлили Рӯзи Ваҳдат чун як санаи сарнавиштсози миллату давлат, сабақи таърихиест, ки наслҳои имрӯзу фардо дар кулвори зеҳну тафаккури худ бояд ҳифз кунанду аз он пуштибонӣ намоянд. Имрӯз замзамаи Ваҳдат дар қалбу руҳу xонҳо бо оҳанги савганди вафодорӣ ба Ватан садо медиҳад. Ин ҳадяи таърих ва тақдир буд, ки миллатро аз хатари нестӣ эмин дошт ва имрӯз роҳнамоест сӯи ояндасозиҳою шукуфтанҳо. Ваҳдат кафили рушду нумӯи кишвар, таҳкимбахши пояҳои давлату давлатдорӣ, пойдории арзишҳо ва фарҳангу тамаддуни миллат аст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 19- солагии Ваҳдати миллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо иштироки аъзоёни ситодҳои доимоамалкунанда, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо доир гардида истодааст.

Чунин як вохӯрии судманд дар маҳаллаҳои Даштобод ва Парчасойи ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат ва раиси комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидова Гулрухсор доир гардид.

Дар вохӯриҳо атрофи пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарғибу ташфиқи фарҳанги бегона, шомилшавии занону ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни занону ҷавонон, расидан ба қадри сулҳу суботи кишвар ва баргузории корҳои ободонию созандагӣ дар маҳаллаҳо бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ андешаронӣ карда мешавад.

Чунин вохӯриҳои судманд дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ то Рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ доир хоҳад гардид.

Воқеан дигар касе ва чизе наметавонад иродаву матонату шарофату рисолати ин миллату давлатро бишканад, зеро рoҳи мо роҳи Ваҳдат, Садоқат ва Муҳаббат ба ин Ватану миллат аст.
Боқӣ Ваҳдат хуҷаставу поянда бод!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: