DataLife Engine > Хабари руз, Варзиш > Ҳусейн Ҳасанов дар Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба гўштин медали биринҷӣ ба даст овард Июнь 20, 2022 10:51

Ҳусейн Ҳасанов дар Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба гўштин медали биринҷӣ ба даст овард Июнь 20, 2022 10:51


20-06-2022, 13:21. Разместил: orifi Ҳусейн Ҳасанов дар Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба гўштин медали биринҷӣ ба даст овард Июнь 20, 2022 10:51

ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба гўштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ оғоз ёфт, ки дар он варзишгари тоҷик Ҳусейн Ҳасанов дар рӯзи аввали рақобатҳо, дар вазни -60кг медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳусейн Ҳасанов мусобиқаро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Абулфазл Миршакар мағлуб шуд. Бо сабаби он ки варзишгари эронӣ ба финал баромад, Ҳусейн имкон пайдо кард, мусобиқаро идома диҳад. Ӯ дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйук Сеомун ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Туркманистон Шатлик Юнусов пирӯз гардид.

Дар рӯзи аввали чемпионат варзишгарони дигарамон Нодир Турсунзода (55кг), Ансор Раҳматзода (92кг), Акрами Ҷаҳонгир (110кг) гўштин гирифта, дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хурданд.

Аввалин маротиба аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гўштин дар ду категорияи синни то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо дар як вақт доир мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд.

Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола 19-22 июн ва миёни ҷавонони то 23-сола 23-26 июн баргузор мешавад.


Вернуться назад