Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чемпионати Осиё: варзишгари тоҷик Моҳрӯ Ҳалимова сазовори медали биринҷӣ гашт

Чемпионати Осиё: варзишгари тоҷик Моҳрӯ Ҳалимова сазовори медали биринҷӣ гашт

29-05-2018, 07:54
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
Чемпионати Осиё: варзишгари тоҷик Моҳрӯ Ҳалимова сазовори медали биринҷӣ гашт
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Моҳрӯ Ҳалимова дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо (WT) сазовори медали биринҷӣ гардид. Чемпионати мазкур 26 май дар шаҳри Хошимини Ветнам шурӯъ гардида, имрӯз анҷом меёбад.

Тавре аз Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни 73 кг миёни бонувон дар даври муқаддамотӣ ба варзишгари Индонезия Нанда Фернандиа ва варзишгари Камбоҷа Сеавмей Сорн пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар даври нимфинал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйери Оҳ, ки ғолиби ин вазн шуд, мағлуб гардида, ҷои сеюмро сазовор гашт. Ҷои дуюми вазни мазкур насиби варзишгари Чин Чен Лӣ ва як ҷои сеюми дигар насиби варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Да-Бин Лӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳисоби даставӣ тими Кореяи Ҷанубӣ бо 6 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор гашт. Варзишгарони Чин, ки 2 медали тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд, ҷои дуюм ва варзишгарони Ӯзбекистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ мақоми сеюмро ишғол карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: