Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик дар Ҷоми Африқо оид ба дзюдо миёни наврасон медали тилло ба даст овард!

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик дар Ҷоми Африқо оид ба дзюдо миёни наврасон медали тилло ба даст овард!

25-04-2017, 14:43
Хабарро хонданд: 372 нафар
Назарҳо: 0
Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик дар Ҷоми Африқо оид ба дзюдо миёни наврасон медали тилло ба даст овард!
ДУШАНБЕ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик дар Ҷоми Африқо оид ба дзюдо миёни наврасон дар Тунис (Tunis Cadets African Cup 2017) медали тилло ба даст овард.
Дар ин бора Эргаш Маҳмадбеков, мураббии Сомон Маҳмадбеков ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ин мусобиқаи кушод, ки 22-23 апрел баргузор шуд, Сомон дар рақобатҳо дар вазни зери 66 килограмм бар рақибонаш аз Алҷазоир, Беларус ва Тунис ғалаба кард.
Сомон Маҳмадбеков варзишгари тоҷики муқими Русия буда, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ба шарофати пирӯзии Сомон дар Ҷоми Африқо дар Тунис парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта, суруди миллии кишвар танинандоз шуд. Дар ин мусобиқа боз як намояндаи Тоҷикистон- Абдуллоҳ Неъматов дар вазни зери 66 килограмм рақобат кард, вале ӯ дар даври муқаддамотӣ ноком гашт.
Дар Ҷоми Африқо дар Тунис беш аз 70 гӯштингир ( писарону духтарон) аз даҳ кишвари Африқо (Алҷазоир, Тунис), Аврупо (Беларус, Монтенегро, Руминия, Словакия, Словения, Хорватия) ва Осиё (Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон) ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи дзюдо барои Ҷоми Аврупо байни гӯштигирони солҳои таваллудашон 1997-2002, ки рӯзҳои 15-16 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Росия баргузор шуд, аз медалҳо бенасиб монданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 гӯштингир дохил буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: