Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо соҳиби 5 медал гардиданд

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо соҳиби 5 медал гардиданд

18-07-2017, 08:14
Хабарро хонданд: 495 нафар
Назарҳо: 0

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо соҳиби 5 медал гардиданд
/АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба дзюдо байни наврасон, ки 16 июл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек анҷом ёфт, як медали тилло, як нуқра ва се медалии биринҷӣ ба даст оварданд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқа медали тиллоро варзишгари ҷавони тоҷик Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни 81 кг ба даст овард. Раҳматуллобек, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Амит Найнии ҳиндустониро шикаст дод. Ӯ дар нимфинал бар варзишгари ҷопонӣ Ҳиромаса Касаҳара ва дар финал бар паҳлавони эронӣ Ҷавод Муродӣ ғалаба кард.

Варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни 100 кг соҳиби медали нуқра гардид. Ӯ сараввал Тсетсетсенгел Одхууи муғулистонӣ ва дар нимфинал Алӣ Парҳезгори эрониро мағлуб кард, аммо дар финал аз варзишгари дигари муғулистонӣ Хангал Одбаатари шикаст хӯрд.

Машраб Раҳмонов дар вазни 90 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ӯ дар марҳилаи муқаддамотӣ аз Кошӣ Нагай (Ҷопон) мағлуб шуда, сипас рақобатро барои медали биринҷӣ идома дод. То ба ҷои сеюм расидан ӯ дар ду қувваозмоӣ бар Каллапа Лоҳар (Ҳиндустон) ва Лӣ Тай (Ветнам) ғалаба ба даст овард.

Хотиррасон менамоем, ки дар ин мусобиқа 178 варзишгар (107 мард, 71 зан) аз 17 давлати Осиё иштирок карданд. Дар ҳисоби даставӣ Ҷопон бо ба даст овардани 5 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд. Кореяи Ҷанубӣ бо 3 медали тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, Қазоқистон бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд. Дастаи Тоҷикистон бо як медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ мақоми ҳафтумро касб намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: