
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз натиҷаҳои даври ниҳоии Чемпионати Осиё дар риштаи бокс миёни наврасон хабар дода, афзуд натиҷаҳои даври ниҳоӣ миёни ҷавонон шоми 30 август маълум мегарданд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон, ки дар шаҳри Дубай ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст, қаҳрамонҳо миёни наврасон маълум шуданд.
Дар даври ниҳоӣ миёни наврасон, Руслан Ғафуров дар вазни то 50 кило бо ҳариф аз Ӯзбекистон, Ҳоҷиакбар Маҳмудов вориди майдон шуда, шикаст хӯрд. Ғафуров медали нуқраи Чемпионати Осиёро ба даст овард.
Ҳашт варзишгари тоҷикистонӣ дар марҳилаҳои нимниҳоӣ шикаст хӯрда, соҳиби медали биринҷӣ шудаанд. Дар қатори барандаҳои медали биринҷӣ аз Тоҷикистон - Анушервон Файзов (-46кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷаборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг) ном бурда шуданд.