Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Муқовимат бо терроризм амали дастаҷамъӣ

Муқовимат бо терроризм амали дастаҷамъӣ

13-05-2022, 10:30
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Муқовимат бо терроризм амали дастаҷамъӣ

Дар ҷаҳони имрўза хатари терроризм яке аз масъалаҳои ташвишовар буда, хусусиятҳои он аз ҷониби илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Ин ҷараёни номатлуб ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, барои пешгирии он тамоми кишварҳои ҷаҳон роҳу усулҳои мухталифи самарабахшро истифода карда истодаанд.
Мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротию террористӣ моро водор месозад, ки тамоми кўшишҳоямонро бар зидди ин амалҳои номатлуб равона намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд намуданд, ки “Бо вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм, вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст, зеро инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ ба душмани бераҳму шафқат ва маккоре рў ба рў омадааст, ки ҳамаи арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба амалҳои нопоки худ аз ваҳшониятҳо рўй намегардонад”. Мусаллам аст, ки Роҳбари давлат аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намудаанд, ки “Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Терроризм тўли солҳои охир талафоти зиёдро аз худ боқӣ мондааст ва монеаи инкишофи озодонаи ҷомеаи ороми тамоми инсоният гардидааст. Махсусан, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин ҳодисаҳо бетараф нест. Бояд қайд намуд, ки ҳаракатҳои террористӣ дар ҷаҳони имрўза гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ ба ҳам муттаҳид кардааст: аввалан онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст кардани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида, баъдан, ин амалҳо ва ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, даҳшатафканӣ ва оҷизиро ба вуҷуд меоварад. Вобаста ба вазъияте, ки имрўз дар ҷаҳон ба амал омада истодааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати кишварҳои дунё мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад.
Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ, фурсат наёбанд. Бештар ба забономўзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд, ҳаргиз ба даъватҳои бардурўғ бовар накунанд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: