
Имрўзҳо дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши фарориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани масъалаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифродгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатвору бераҳмонаи худ ба праблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Имрӯзҳо хатари терроризм ва ифротгароӣ дар авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра, аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Бо вуҷуди таъкидҳои ҳамешагӣ, тақвият ёфтани мубориза дар ин самт, зиёд шудани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои тадбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекунанд, аҳёнан зарари худро ба ҷавонони мо низ мерасононд. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аксаран аз ин ҳадафи асосии гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. Гурўҳҳои ифротию террористӣ барои истифодаи қувваи бузурги ҷавонон тамоми роҳу тадбирҳоро меандешанд, то онҳоро фирефтаи доми худ созанд. Аз ин рў зарур ва ҳатмист, ки дар ин самт тадбирҳо ба маротиб бояд пурзур гарданд.
Ҳодисаҳои ба вуҷудомада нишон медиҳанд, ки сабабҳои аслии фирефта шудани ҷавонон ин дарки паст, иродаи заиф, дониши пасти динӣ, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва мононди ин мебошанд. Агарчи мушкилиҳои зикргардида дар назар хурд намоянд ҳам, аммо маҳз ҳамин раванд ба он оварда мерасонад, ки дар миёни ҷавонон ташаккул ва дарки масъалаҳо, хулосаи дақиқ баровардан аз ҳодисаҳои хатарзо ва интихоби роҳи дурусту мавқеи муайян, дида мешавад.
Дар ин замина моро зарур аст, ки аҳли ҷомеаи имрӯзаи кишвар, хусусан қишри осебпазири он-ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз раванди вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, амниятии минтақа ва ҷаҳон, инчунин аз паёмадҳои низоъу даргириҳои кишварҳои ба он гирифторшуда, огоҳ созем. Таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ва дар онҳо бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ дар раванди таълиму тарбия, насли ҷавони имрӯзаро барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, садоқат ба Ватан ва марзу буми он ва ба худогоҳию хештаншиносӣ ҳидоят менамояд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон низ раванди пешгирӣ аз ифротгароӣ ва мубориза ба ин падидаи номатлуб ҳамеша таҳти назорати ҷиддии Ҳукумати кишвар қарор дорад, бинобар ин, лоиҳаҳои гуногуне бо дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии дохиливу хориҷӣ амали мегарданд. Яке аз чунин ташаббусҳо лоиҳаи «Таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳо байни ҷавондухтарону ҷавонписарони осебпазир ба тундгароӣ», ки аз тараифи Ҳукумати Канада ва БРСММ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва дастгирӣ ёфта, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим” амалӣ мегардад, барои огоҳии ҷавонон аз пешгирии ифротгароӣ семенаромӯзишҳои гуногунро дар шаҳру навоҳии кишвар амалӣ карда истодааст.
Наргис Шамсова