Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Терроризм - вабои инсоният

Терроризм - вабои инсоният

15-05-2018, 12:10
Хабарро хонданд: 273 нафар
Назарҳо: 0
Терроризм - вабои инсоният
Замоне, ки мо ҳаёт басар мебарем, пур аз таззод, ихтилофу зиддиятҳо ва праблемаҳое ҷой доранд, ки ҳалли хешро ёфта наметавонанд. Баръакси ҳол рӯз аз рӯз паҳн гардида, дигар зуҳуротҳои номатлубро ба вуҷуд оварда истодааст. Аз ҷумлаи онҳо гуруҳои террористӣ, экстремистӣ ва амсоли инҳо мебошанд, ки тамоми сайёраро ба ҷунбиш овардааст. Имрӯз ҷаҳонро нооромӣ фаро гирифта, торафт доман паҳн мекунад. Таҳдиду хатарҳои он ба муносибатҳои сулҳу суботи саросари олам таъсиррасон мебошад. Ин ғаразҳои нопоки ҷаҳонхоҳон метавонад бевосита дар оянда хатари калони иқтисодиву сиёсӣ, башариву фарҳангӣ дар саросари олам гардад. Имрӯз Осиёи Миёна бахусус давлатҳои исломӣ зери хатари терроризму экстремизм ва дигар ҳаракатҳои ғайри диниву мазҳабӣ гардида, оқибат таъсири он ба мамлакатҳои осоишта расида истодааст. Мисол мегирем, давлати исломии Авғонистонро, ки аз давраи давлатдориаш то ба имрӯз рӯйи сулҳу субот, ваҳдати ягонагӣ надида, халқи бегуноҳ зери таъсири ҷанги шадид қарор доранд. Ҳамаи бесарусомониҳои ин кишвар бевосита таъсиргузор ба ба кишвари мо мебошад. Аз ин хотир бояд ҷавонон барои беҳтар намудани саҳти зиндагии хеш пайваста илму дониш омӯхта, тамоми қувваи зеҳнию ҷисмонии хешро ба пешбурди давлату миллат сарф намояд.
Таъсири терроризму экстремиз имрӯз ба Тоҷикистон низ чун дигар мамлакатҳои ҷангзада бетаъсир набуда рӯз аз рӯз шомилшавии ҷавонон зиёд гардидааст. Ва мутассиффона бо баъзе нобасомиҳои зиндагӣ аксари ҷавонони мо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ворид гашта, гумроҳ мегарданд. Ин гуна ашхосон на танҳо бар худ зарар мерасонанд, балки ба оила, ҷамъият ва ҳатто ба миллат зарбаи сахт мезананд. Боз аламовараш он аст, ки баъди даст задан ба ҷиноятҳо аз қабили одамкушӣ, ангехтани кинаю маломат миёни дину мазҳаб, аз байн бурдани халқияту миллатҳои гуногун ва дигар кирдорҳои бадахлоқона пушаймон мегарданд, ки дигар суде надорад.
Боиси ташвиш аст, ки тероризм имрӯз ҳамчун вабои инсоният саросари ҷаҳонро фаро гирифта, коршиносон онро ба се гурӯҳ тақсим мекунанд. Сиёсӣ, миллӣ ва динӣ. Чун аз мушоҳидаҳо дар давлатҳои ҷангзадаи Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон бармеояд, аз ҳама фоҷиаовартарин ва даҳшатноктарин намудҳои терроризмро терроризми динӣ ташкил медиҳад. Бадбахтона дар зери ниқоби дин пинҳон шуда, аз номи дини ислом даст ба одамкушӣ, одамрабоӣ, худкушӣ, ва дигар кирдорҳои ваҳшиёнаро анҷом медиҳанд. Аз табори ин инсонҳо ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошанд. Ин гуруҳи инсонҳо то он дараҷа ақли инсониро аз даст додаанд, ки ҳатто одам куштанро раво мебинанд, ҳол он ки дар дини ислом куштор ё худкушӣ аз ҳама гуноҳи бузург аст. Ин ба ақли инсони комил тамоман баробар намеояд ва нахоҳад омад. На илми динӣ ва на илми дунявӣ чунин ақидаи разилонаро намепазиранд. Ин гуна ақидаҳои гумроҳона сари милионҳо одамонро вайрон намуда, садҳо нафарро қотилу сад милионҳои дигарро ба қатл расонид. Ҳазорҳо нафар бесару бепаноҳ ва даҳ ҳазорҳои дигар дар кӯчаҳои сарду хунук саргардону бекас монданд. Тамоми нафтрати дунё ба сари террористон бод ва хоҳад буд.
Мубориза бо ин проблемаи ҷаҳониро Тоҷикистон дар мадди аввал гузошта, бар зидди он пайваста муборриза бурда истодааст. Инчунин ҷавононро водор месозад, ки ҳеҷ гоҳ дониши сиёсии хешро аз даст надода, кӯшиш ба харҷ диҳем то фирефтаи доми нокасон нагардем ва баъд аз анҷоми кори зишт ангушти асрат нагазем. Чуноне ки мегӯянд, обе ки аз ҷуй рафт маротибаи дуввум бар намегардад.
Ҳамчунин Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи олам баромад намуда, таъкид месозанд, ки террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Пас суоле ба миён меояд, ки террорисотон чӣ гуна касоне бошанд? Барои ба ин савол ҷавоб додан танҳо бо рафторҳояшон метавон мисол овард. Ба ин гурӯҳ он шахсоне дохил мешаванд, ки ахлоқи инсониро аз даст додаанд ва аз надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ, бехабар аз арзишҳои бузурги инсонӣ, зархариди дастони ҷаҳонхоҳон гардидаанд. Ва ҳатто ба зану фарзанд, падару модарашон раҳм намекунанд. Худ хулоса кунед, ин гуна шахсонро чӣ гуна метавонем инсон гуфт!
Дилшод Зафарзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: