Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуррӯҳҳои ифротӣ

Мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуррӯҳҳои ифротӣ

14-09-2021, 09:35
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии  терроризм ва экстремизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуррӯҳҳои ифротӣ

Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусиятӣ ҷаҳонӣ дошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.
Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷиноятӣ дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
Дар паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризм ҳамчун мавзўи калидӣ баҳогузорӣ шуд. Дар воқеъ, сўйистифода аз арзишҳои волои дини ислом боиси роҳандозии низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар кишварҳои Ховари Миёна гардидааст.
Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир аз ҷумла, таъкид намуданд, ки дар шароити рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрўз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.
Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.
Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишваррҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Сарвари кишвар чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Боиси таасуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кўдаконро нодида мегиранд.
Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рўбарў омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистоне мебинем.
Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқи мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.
Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва эктсремизм бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзўр карда шавад.
Яке аз воситаҳои ба гурўҳҳои ифротгароӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир ин тавассути шабакаи интернет ба психологияи онҳо таъсир расонидани ин гурўҳҳо мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон ва марзи давлатии Тоҷикистон хатти пеши сангари ҷаҳони мубориза бар зидди ифротгароию экстремизму терроризм, хатти муқаддами ҷабҳаи муборизаи байни амнияту нооромӣ ва рўшанию торикӣ гаштааст. Зеро агар ифротгароӣ аз ин марз гузарад, аз ин ҷо то умқи қаламрави Русия дар баробари он дигар марзи устуворе нахоҳад буд, чунки агар буҳрону бесуботӣ вориди ин ҳавза шавад, аз ин ҷо то саросари Осиёи Марказӣ ва то марзи Чину дохили Русия ба осонӣ паҳн хоҳад шуд.
Ин нақши минтақавии суботи Тоҷикистон ва ин аҳамияти ҷахонии марзи давлатии Тоҷикистонро аввал худи мо ва сипас тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бояд дарк намоянд. Хусусан, кишварҳои Осиёи Марказӣ, қудратҳое чун Русия ва Чин, давлатҳои узви СҲШ, САҲА, кишварҳои ИДМ ва ғайра бояд ин марзи имрўзаи Тоҷикистон ва ин нақши таъйинкунандаи муборизаи Тоҷикистон бо ифротгароию терроризмро дарёбанд.
Албатта, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст, аммо кишварҳои мазкур низ пеш аз ҳама, барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётии худ бояд аз муборизаи давлати Тоҷикистон ба ин падида дастгир намоянд, барои ҳифзу суботи амнияти Тоҷикистон талош варзанд, дар мустаҳкам кардани сарҳади ҷанубии Тоҷикистон саҳми ҷиддӣ гузоранд. Зеро агар пеши роҳи ин сел оташ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гирифта нашавад, ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ, бесуботию ноамнии буҳрон на танҳо дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои васетар аз онро то доманаҳои Чину Русияву Аврупо фаро мегирад. Ин аст, ки имрўз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти ниме аз ҷаҳон мебошад.
Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.
Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, вазифаи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад.

Мудири бахши кор бочавонон ва варзиши
нохияи Восеъ Ф. Неъматзода


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: