Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ шуд

Дар Душанбе масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ шуд

13-07-2021, 11:49
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ шуд12 июл дар шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо роҳбари Маркази ҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ «НЕDAYAН», раиси Кумита оид ба мудофиа, корҳои дохилӣ ва хориҷии Шӯрои миллии Федералии (Парлумони) Аморати Муттаҳидаи Араб Алӣ Рашид Ал – Нуаймӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои пешгирии тундгароӣ, экстремизм ва терроризми хушунатомез дар ҷомеа мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки «имрӯз масъалаи терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои глобалӣ ва хатарзо боқӣ монда, аз ҳар сохтори дахлдор ва кулли ҷомеа вобаста буда, ҳушёриву зиракии сиёсӣ тақозо менамояд».

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба роҳу усулҳои нави таъсиррасонӣ ҷиҳати пешгирии ин омили номатлуб пешниҳодҳои судманд намуд.

Алӣ Рашид Ал – Нуаймӣ ба иқдомҳо ва пешниҳодҳои мақомоти дахлдори Тоҷикистон вобаста ба пешгирии терроризму экстремизм дар солҳои охир баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ба роҳ мондани ҳамкории дастаҷамъонаи мақомоти ҳарду кишвар даъват намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: