Назарбоев: иқтисоди мо аз Чину Русия зарба мебинад5-03-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 323 нафар
Назарҳо: 0
Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон гуфтааст, иқтисоди Қазоқистон аз рушди ноустувори иқтисоди Чин ва рукуди иқтисоди Русия зарар дидааст.
"Рукуди иқтисодӣ ва таҳримҳое, ки "ҳамсояи бузурги" мо Русия - яке аз шарикони асосии тиҷоратиамон мо рӯ ба рӯст, ба мо ҳам таъсир расонидааст. Тиҷорат ба 20-25 дарсад коҳиш ёфт", - гуфтааст Назарбоев дар мулоқот бо намояндагиҳои дипломатӣ дар Остона. "Коҳиши рушди иқтисодӣ дар Чин низ барои мо таъсир дошт. Дар ин шароит, ки Чин онро "тавозуни нав" меномад ва ман онро "воқеияти нав" меномам, мо бояд ба арзиши пасти нафт, газ... ва металлҳо одат кунем. Ин осон нест. Инсон ба зиндагии хуб зуд одат мекунад ва аз он ҷудо шудан бисёр сахт аст", - афзудааст Назарбоев. Сарфи назар аз рукуд, миқдори борҳое, ки аз Чин тавассути Қазоқистон ба Аврупо меравад дар соли ҷорӣ ду баробар афзоиш хоҳад ёфт, гуфтааст вай. "Нақши Қазоқистон ҳамчун кишвари транзитӣ барҷаста аст. Теъдоди контейнерҳое, ки аз масири Чин-Қазоқистон-Аврупо мегузаранд, аз 6 ҳазори соли 2013 ба 48 ҳазор дар соли 2015 расида ва дар соли ҷорӣ ба 95 ҳазор хоҳанд расид", - афзудааст Назарбоев. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.