Қазоқистон пешбинии буҷаро зимни нархи нафт тағйир дод24-02-2016, 16:45
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Ҳукумати Қазоқистон бори дигар эътироф кард, ки иқтисоди он зимни тағйири нархи нафт "вориди воқеиятҳои нав" мешавад.
Дар пешгӯии бозбинишудаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Қазоқистон барои соли ҷорӣ, дар шароити 30 доллари арзиши нафт ва қурби 360 танга барои як доллари ИМА, рушди ММД Қазоқистон 0,5 фоиз пешбинӣ шудааст, - мегӯяд вазири иқтисоди миллии он кишвар Ерболат Досаев. "Мо дар ҳар сурат дар вазъияти мусбат қарор дорем", - гуфтааст ин вазири қазоқ. Ба гуфтаи Досаев, ҳукумати Қазоқистон ният дорад нақшаи нави рушди стратегиро барои то соли 2025 таҳия кунад, зеро иқтисоди Қазоқистон "вориди воқеиятҳои нав мешавад". |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.