AI: вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон бадтар мешавад25-02-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
Созмони байналмилалии Amnesty International (AI) зикр мекунад, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон дар соли гузашта бадтар шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз кодекси ҷиноятии нав ёдовар шудаанд, ки ба он моддаи "барангехтани низоъ" ворид гардид. Дар гузориш аз парвандаи фаъолони шаҳрвандӣ Серикжан Мамбеталин ва Ермек Наримбоев ёдоварӣ шудааст, ки моҳи октябри соли гузашта боздошт шудаанд. Онҳо дар "барангехтани низоъ" дар пайи бознашри пораҳои ҷанҷолбарангези китоби "Пушаймонӣ" аз Facebook дар сафҳаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ айбдор шудаанд. Бадшавии вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистонро ҳамчунин ба тағйири қонуни созмонҳои ғайридавлатӣ бастагӣ медиҳанд. AI зикр мекунад, ки Остона аз иқдоми Русия "илҳом" гирифта, ба сармоягузории хориҷии созмонҳои ғайридавлатӣ вокуниши ҳамсон кард. Дар натиҷа қонун тавре ислоҳ карда шуд, ки ба таъсиси маркази назоратии сармоягузории созмонҳои ғайридавлтиро аз манбаъҳои хориҷӣ роҳ мекушояд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.