Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Қарзгирӣ барои Қазоқистон душвортар мешавад

Қарзгирӣ барои Қазоқистон душвортар мешавад

22-02-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 339 нафар
Назарҳо: 0
Қарзгирӣ барои Қазоқистон душвортар мешавадАгентии баҳодиҳии Standard & Poor’s (S&P) дар робита ба уфти нархи нафт мавқеи қарзгирии Қазоқистон, Уммон, Баҳрайн ва Арабистони Саудиро пойинтар бурд.

Мавқеи Қазоқистон дар арзёбӣ ду зина пойин рафта, то ҳадди мавқеи “партоб” расонида шуд. Дар ин арзёбӣ мавқеи Русия дар зинаҳои болоии бахши “партоб” бо пешбинии нохушоянд боқӣ мондааст.

Ба иттилои Wall Street Journal, бозбинии мавқеи кишварҳо ба уфти пешбинишавандаи нархҳои нафт вобаста аст. Тибқи пешбиниҳои ахир, арзиши як баррел нафти Brent дар соли 2016 баробари 40 доллар ва дар соли оянда то ба 50 доллар хоҳад расид. Дар S&P бар ин назаранд, ки тасмими дар моҳи январ гирифтаи Қатар, Русия, Арабистони Саудӣ ва Венесуэла дар бораи қатъи афзоиши ҳаҷми истихроҷи нафт ба арзиши он “таъсири ҷиддие” нахоҳад дошт.

“Дар Қазоқистон аз фурӯши нафт 20% маҷмӯи тавлидоти миллӣ, 50% даромад аз андозҳо ва 60 дарсади фоида аз содирот ба даст меояд, - гуфтанд дар S&P. Тибқи пешбинии ин ниҳод, суръати рушди маҷмӯи тавлидоти миллӣ дар соли 2016 дар ҳолати рукуд ва ё пойинравӣ қарор гирифта, аммо содирот ва истихроҷи нафт метавонад эҳё шавад. Аммо ин кор танҳо дар сурати пеш аз мӯҳлат ба таври комил фаъол шудани кони офшории Қашаған имконпазир хоҳад шуд. Ба навиштаи Wall Street Journal, дар S&P ҳамчунин гуфтанд, ки ҳукумат бо сармоягузории қариб 14,5 миллиард доллар барои “пешбурди” иқтисод дар солҳои 2016-2017 бо камбуди андозҳо рӯбарӯ мешавад”.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: