Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Шеъри шоири рустоии тоҷикро Назарбоев писандидааст

Шеъри шоири рустоии тоҷикро Назарбоев писандидааст

2-03-2016, 17:15
Хабарро хонданд: 397 нафар
Назарҳо: 0
Шеъри шоири рустоии тоҷикро Назарбоев писандидааст
Саидҷалол Каримзода, шоири 62-сола аз ноҳияи Фархор дар ивази шеърҳояш аз президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев туҳфа дарёфт кард.

Саидҷалол Каримзода дар ивази шеърҳояш бешмет - ҷомаи қазоқӣ, тоқии миллии қазоқӣ, нишони Қазоқистон ва наздики 1000 сомонӣ аз Нурсултон Назарбоев мукофот гирифтааст. Ин бори аввал аст, ки шеърҳои як шоири тоҷик аз сӯи роҳбари кишвари дигар қадр мешавад.

Саидҷалол Каримзода, сокини деҳаи Доманакуҳи ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор ин шеърҳоро тобистони соли гузашта эҷод ва тариқи почта ба суроғаи Нурсултон Назарбоев равон кардааст.

"Ман интизори туҳфа набудам, дар умум дар ивази шеърҳоям чизе намехоҳам. Ба назари ман Нурсултон Назарбоев шоҳи одил аст ва аз ҳамин хотир дар ҳаққи вай шеър эҷод кардам", - мегӯяд ин шоир.

Шеърҳои Саидҷалол Каримзода хеле оддӣ буда, бештар ба эҷодиёти халқӣ монанд ҳастанд. Сарфи назар аз ин, дастгоҳи президенти Қазоқистон тавассути намояндагии дипломатии Қазоқистон дар Тоҷикистон ин туҳфаҳоро ба шоир расонидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: