Сел дар Панҷакент ба 48 гектар замин ва 22 манзили сокинон зарар расонд Апрель 25, 2022 16:2526-04-2022, 07:02
Хабарро хонданд: 105 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари борони пуршиддат соати 18:10 дақиқаи 23 апрел дар деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сел омада, ба 48 гектар замин ва 22 манзили сокинон зарар расонд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тибқи иттилои манбаъ, бар асари борони пуршиддат селроҳаи Заврон аз об пур шуда, лойқа пули деҳаро, ки дар километри 64 роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент воқеъ мебошад, пӯшонд ва роҳ муваққатан баста шуд. Барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ техника ва кормандони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд. Ҳоло роҳ пурра аз лойоба тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир гардидааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Маълум шуд, ки ин лойоба ба 48 гектар заминҳои кишоварзии ҷамоати Лоиқ Шералӣ зарар расонда, таҳхонаи 15 хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Заврон ва 7 манзили истиқоматӣ дар рустои Навбунёдро пӯшонидааст. Сел талафоти ҷонӣ надошт. Дар айни замон Кумита ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба қароре омадаанд, ки барои тоза намудани хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳашари умумӣ бо ҷалби аҳолии маҳал ва техника ташкил кунанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.