Рафъи оқибатҳои офати табиӣ1-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзҳои 9-12 майи соли 2016 дар шаҳри Панҷакент сели фалокатовар омада, ба деҳаҳои Шӯрча, Савр, Қӯштеппаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Шашқати ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Дашти Қозӣ, Киштудаки ҷамоати деҳоти Ёрӣ, деҳаҳои Ғиҷдарва, Ровадин ва Шинги ҷамоати деҳоти Шинг, Амондара, Лоиқ Шералӣ, маҳаллаҳои Сойи Мисрак, Зардолузори шаҳр, соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ ва як қатор корхонаву ташкилоти шаҳр хисороти ҷиддӣ расонид. Мутаассифона, дар офати табиӣ 2 нафар яке сокини деҳаи Шӯрчаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ва дигаре сокини деҳаи Шинги ҷамоати деҳоти Шинг ба ҳалокат расиданд.
Тибқи маълумоти комиссияи ҳолатҳои фавқуллода дар натиҷаи офати табиӣ ба 401 хонаҳои истиқоматӣ селоб даромада, заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти шаҳрвандонро вайрон кард. Дар асоси санадҳои тартибдодашуда аз 21 манзилҳои истиқоматӣ, 15 хона пурра ва 6 хона қисман вайрон гардид. Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои аҳолие, ки хонаҳояшон пурра вайрон гардиданд, қитъаи замин ҷудо гардида, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ шуруъ шуд. Аҳолие, ки хонаҳояшон қисман вайрон гардид, бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин карда мешаванд. Офати табиӣ ба иқтисодиёти шаҳр ба маблағи 34762819 (сиву чор миллиону ҳафтсаду шасту ду ҳазору ҳаштсаду нӯздаҳ) сомонӣ зарари моддӣ расонид. Дар соатҳои аввали офати табиӣ Комиссияи ҳудудии шаҳри Панҷакент оид ба ҳолатҳои фавқулодда то имрӯз барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолати фавқулодда корҳои зеринро анҷом доданд. Бо мақсади пешгирӣ намудани зарари офати табиӣ 7 гурӯҳи кории Комиссияи шаҳри Панҷакент оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шуда, дар ҳамбастагӣ бо аҳолӣ корҳои барқароркуниро дар манзилҳои истиқоматии осебдидагон баровардани лойобҳо ва тоза намудани сойҳои селрав корҳоро ба роҳ монданд. Ҳамчунин ситоди бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ташкил шудааст. Айни ҳол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи ғайринизомии вилоят ба шаҳр ба миқдори 20 000 (бист ҳазор) литр сӯзишвории дизелӣ ворид карда шуда, бо мақсади корҳои барқарорсозии каналҳои обёрикунанда ва бехатар гардонидани сойҳо равона карда шудаанд. Санаи 11.05.2016 аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба 386 оилаҳои осебдида 50 кг орд ва 5 кг равған кӯмаки яквақтаина расонида шуд. Инчунин суратҳисоби махсуси Раёсати молия барои зарардидагони офати табиӣ кушода шудааст. Аз тарафи аҳолӣ манзилҳои истиқоматӣ аз лой тоза карда шуда, дар сурати зарурат аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастгирӣ карда мешаванд. Инчунин ҳамарӯза аз тарафи қисми ҳарбии 05170-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 60 нафар сарбоз барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ сафарбар мегарданд. Рафти бартарафсозии оқибатҳои зараровари офати табиӣ аз тарафи аҳолӣ, коллективҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои ҳудуди шаҳру деҳот мутташаккилона идома дорад. Мардуми диёр аз ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд миннатдор мебошанд. Бозорбой Ҷалилзода, шаҳри Панҷакент |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.