Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Бар асари омадани сел дар Дарвоз 19 хона зери об монд

Бар асари омадани сел дар Дарвоз 19 хона зери об монд

11-07-2017, 09:07
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Бар асари омадани сел дар Дарвоз 19 хона зери об монд
/АМИТ «Ховар»/. Бар асари селе, ки аз қаламрави Афғонистон ворид шуд, дар як рустои ноҳияи Дарвоз 19 хона зери об монда, 800 метр роҳи Душанбе -Хоруғ хароб гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шоми рӯзи шанбе, 8 июл аз он сӯи рӯдхонаи Панҷ дар деҳаи Рованаки вулусволии Дарвози Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сел ҷорӣ шуда, маҷрои дарёи Панҷро баст ва кӯли сунъии калонеро ба вуҷуд овард. Ҳамчунин 800 метр роҳ дар 319 километраи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ зери об монда ҳаракати мошинҳо ба ду самт мутаваққиф гардид.

Ба иттилои манбаъ, 8 июл гурӯҳи фаврӣ созмон дода шуда, ба ноҳияи Дарвоз сафарбар гардиданд, то вазъро санҷида, ба зарардидагон кумаки ҳамаҷониба расонанд. «Зарардидагон ба ҷойи амну бехатар интиқол дода шуданд ва дар айни замон бо ғизои гарм таъмин карда мешаванд. Ситоди доимамалкунанда созмон дода шуда, масъалаи кумакҳои аввалияи ба зарардидагон дар ҳоли ҳал шудан аст»,- зикр намуд манбаъ.

Ҳоло барои роҳандозии корҳои барқарорсозӣ, тоза кардани роҳи масдудшуда техникаҳои Хадамоти техникии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд. Корҳои тоза кардани оқибатҳои сел шурӯъ шуда, корҳои соҳилбандӣ идома доранд. То боз шудани ин роҳ ҳаракати мошинҳои мусофирбару боркаш ба воситаи ағбаи Хобурубот ба роҳ монда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: