ИСТИҚЛОЛ: Ҷанг киштии тақдири ҳар сарзаминеро саргардон кард ва таърихи ҳар миллат онро собит кардааст20-04-2022, 07:24
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
МАҚОЛА: Чандест ҳаводиси рӯйи олам, махсусан даргириҳо байни Руссия ва Украинаро мебинаму ёдам аз давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон меояд, ки он замон ҳам вайрониву дигар харобахо кишварро забт карда буд. Агар ба асрхои аср бингарем ҷанг ҳамеша ба мулке зарар овардаву пояи иқтисодиёт, маънавиёт ва ҳама хостаҳои инсонҳоро заифу норафшан мегардонад. Таърих собит намудааст, ки аз даҳшати ҷанг ҳатто беҳтарин намояндагии илму адаб хоки Меҳани азизи хешро тарк намудаанд ва дар мулки дигар ҷон ба Ҷонофарин супурдаанд. Бузурге фармуда: Монд дар зери уқубат ҳама ахли маънӣ, Аз фироқи ватану к-аз ҳамагӣ ҷангу ҷадал. Оре, ҳамин ҷанг буд, ки калламанораҳо аз сари одам сохтанд, китобхонаҳо сӯхтанд, беҳтаринҳоро куштанд, хоссатан аҳли илму маърифатро. Дар Ҷанги хонумонсӯз дар кишварамон душманони миллат даст ба куштори олимону донишмандон заданд. Ин ишораи куштани олимон дар сафҳаи таърих борҳо ба анҷом расидааст ва асли он нест намудани роҳнамоён ва идораи мардуми оддӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ амалӣ нагардидааст, зеро ҳамешагӣ, дар ҳар қарн модари бузурге фарзанде ба дунё оварду тарбия кард, ки ҷойгузини дигарон гашт. Дар Тоҷикистони азизи мо низ ҳамон гумону нақшаҳо амалӣ гардиданд, вале ин аҳриманҳо ба ҳадди охири нияташон нарасиданд, зеро асли бадӣ оқибат надорад. Дар кишвари азизи мо замоне, ки истиқлолият ба даст омад, ки муқаддасоти арзишмандтарин дар таърихи нави тоҷикон маҳсуб меёбад баъзе гурӯҳҳои хунхор бо ниятҳои муғризона тавонистанд миёни мардум шӯр андохтанд. Аммо мардуми мо он замон, ки аз озодии хеш на онқадар қабули хуб доштанд ба тезӣ дар роҳи ҷанг афтоданд. Ҳамзамон сокинони кишвар, ки кунун аз идораи давлатӣ тамоман дигар ба озодӣ саф кашида буданд барояшон низ каме гарон буд. Мутаассифона анамин фазои холӣ, саргардонии мардум ва муаммоҳоро инсонҳои бадкор истифода бурданду ҳоло ҳам ин таҷриба дар Ҷаҳон роиҷ ҳаст. Истиқлолиятро мо хуб дарк накардем, бар замми он ифротиҳо мехостанд мардумро ба сӯи доми тазвири хеш кашанд. Тавонистанд қисме аз аҳолиро бо номи Ислом ба гурӯҳҳо кашанд. Магар Ислом дини тарбия барои инсонҳо нест ё танҳо дини шахсии баъзе афрод, ки бар коми худ он замон истифода мекард. Худо гуфтану ракета омода кардан, дин гуфтану омода намудани террористон, дин гуфтану бераҳмӣ болои мардум, дин гуфтану дигар инсонҳоро то ҳатто инсон нашуморидан, дин гуфтану мардумро ба гурӯҳҳо кофару мусалмон, «вовчик»-у «юрчик» тақсим кардан магар беинсофӣ нест.? Рафтори ин тоифаро аз забони шоире, ки хуб гуфтааст, чунин баҳо медиҳем: Аз худнашиносон маталаб дидаи ҳақбин, Ҳақро чӣ шиносад зи худ бехабаре чанд. Бо талошҳои шабонарӯзии Ҳукумати мамлкат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи бонангу номуси Тоҷикистон оғози сулҳу ваҳдати комил дар кишвар бо имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, 21-уми июн дар шаҳри Маскав раҳнамун шуд ва роҳи наҷоти миллатро метавон аз он рӯз хонд. Яъне барои мардум сулҳу ваҳдати миллӣ дарси ватандорӣ ва худшиносӣ омӯхт ва мо баъдан дарк кардем, ки Истиқлолият ба маънои томаш чист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳи худшиносии миллат дар давраи нав нақши калидӣ доранд. Аз Арасту рӯзе шогирдаш мепурсад: Шахси саховатманд кист? Арасту мегӯяд: Шахси саховатманд он касест, ки ба инсонҳо дар вақти заруриашон хости заруриашонро медиҳад. Бешак, дар анаҳамон рӯзҳои вазнин ба миллат таъмини ваҳдату сулҳу осоиштагӣ ба ком буд. Оғози рушди мамлакат низ аз Ваҳдати миллӣ сарчашма гирифтааст ва баракат дар рӯзгори мардум низ аз он рӯзҳо. Гузаштагон низ гуфтаанд, ки неъмат аз муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ зиёда мегардад. Арасту низ гуфтааст, ки «Коинот мекӯшад, ки чизеро, ки мо мехоҳем, ба мо бидиҳад, вақте ки мо муттаҳид ҳастем.” Имрӯзҳо низ якчанд тоифа гумроҳон аз хориҷи кишвар истода, тинҷиву осоиштагӣ дар ин марзубуми муқаддасро дидан намехоҳанд. Ҳамарӯза бо барномаҳои мухталиф баромадҳои муғризона намуда, дасисабозӣ ва туҳматбофӣ доранд. Анаҳамин гуна кӯрдилон буданд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар мардумро ба роҳи бад кашиданд. Имрӯза амалҳояшон боз идомаи ҳамон ҳаромкориҳояшон мебошад. Аммо намедонанд, ки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз дигар он мардум нестем ва сулҳу суботи комил, тинҷию амонӣ ва хушу хурсандии сокинонро ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст нахоҳем дод ва барои пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мубориза хоҳем бурд. Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз! Б. Некхоҳ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.