Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАМЧУН РУКНИ БУНЁДИИ ОЗОДИИ ИНСОН ВА ҶАВҲАРИ АСОСИИ ЗИНДАГӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАМЧУН РУКНИ БУНЁДИИ ОЗОДИИ ИНСОН ВА ҶАВҲАРИ АСОСИИ ЗИНДАГӢ

6-09-2021, 08:30
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАМЧУН РУКНИ БУНЁДИИ ОЗОДИИ ИНСОН ВА ҶАВҲАРИ АСОСИИ ЗИНДАГӢ

АНДЕША. Мо ҳизбиён ва умуман ҷонибдорон ва мардуми сарбаланди кишварамон айни ҳол, дар рўзхое қарор дорем, ки бо ифтихори ватандўстона 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.

Мо ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа бояд бо дарки баланди масъулият, номуси баланди ватандорию худшиносӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб ва истиқболи сазовори ҷашни муҳими таърихӣ Истиқлолияти давлатӣ ин саънаи тақдирсозро сазовор пешвоз гирем.

Дар зарфи си сол мо ба шарофату заҳматҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем.

Сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки дар ин муддат вуҷуд доштанд, мо тавонистем бо такя ба ақлу заковат ва дастгирии самимонаву заҳмати софдилонаи мардуми сарбаландамон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорем. Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ба бахти баланди миллати тоҷик фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва мо Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии сокинони мамлакат таҷлил менамоянд.

Бояд иброз намуд, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард. Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки орзуву ормони деринаи миллат амалӣ гардида, ба бунёди давлати мустақил ноил гардем.

Ҳар гоҳ сухан аз истиқлолияти давлатӣ меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ аст. Зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад.

Гузашта аз ин, истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комил мо ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидем ва ҳоло барои рӯзгори орому осуда ва заҳмати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории ҳама гуна чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омадааст.

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик, пешрафти давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон ҳамеша муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор мемонад ва роҳи моро ба сӯи татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсоз равшан месозад.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи ҷонибдорон ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон табрику таҳният мегуям.

Бигзор дар Тоҷикистони азизи мо осмони софу беѓубор, сулҳу суботи ҳамешагӣ побарҷо бошад.
Ҳусейнзода Наврӯз, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: