Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ваҳдати Миллӣ пояи сулҳ аст

Ваҳдати Миллӣ пояи сулҳ аст

25-10-2016, 11:02
Хабарро хонданд: 662 нафар
Назарҳо: 0

Ваҳдати Миллӣ пояи сулҳ астВаҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдӯст будан аст. Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, ни гоҳи пешрафтаи тоҷикону нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзабони бурунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси чаҳон овозадор менамояд. Ҳамзамон иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллалӣ Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаасг.
Худшиносй ва худогоҳии миллй гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмй истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Таърихро варақ мезанем, аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 19 сол сипарӣ мешавад. Имзои ин ҳуҷҷат бо чӣ қимат ба даст омад ва он дар ҳаёти дирӯзу минбаъдаи тоҷикон чӣ гуна нақш бозид ва баҳри ҳифзи ин дастовард минбаъд чӣ бояд кард? Инҳо суолҳоеанд, ки баҳри ҳифзи устувории амнияту субот, рушду ободии Тоҷикистон, давлату ҳукумати он арзишу аҳамияти бузурге доранд. То имзои ҳуҷҷат дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузургеро анҷом дод, ки иҷрои он ҳам ҷасорат, ҳам меҳру муҳаббат ба ин сарзамин, дасту дилу нияти пок ва тамоми сифатҳои ҷавонмардиро мехост, ки Пешвои маҳбуби тоҷикон дорои ҳамаи ин сифатҳо буду ҳаст.
Нахуст хомӯш намудани оташи ҷанг, ба зиндагӣ дилгарм кардани мардум, баргардонидани гурезаҳо, боварии мардумро ба даст овардан, сохтори фалаҷшудаи давлатдориро устувор намудан, вазъи иқтисодиву иҷтимоиро тадриҷан ба ибро овардан аз корҳои заҳматталабу душворе буд, ки бо шарофати хираду маърифат, таҳаммулу асолати роҳбари ҷавон имкконпазир гардид.
Тоҷикон солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фарҳанги асили инсонии хешро зоҳир намуданд. Тоҷик ҷангҷӯ нест. Ҷанги таҳмилӣ наметавонад аз фарҳанги баланд ва асолати воқеии тоҷик боло ояд ва ё симову сирати ӯро ба куллӣ тағйир бидиҳад. Сулҳу оштӣ бозгӯи ин тамаддуну фарҳанги бой буд. Ин мардум қадри ҳар нафасу озодию суботро медонад. Ҷанг то рӯзи истиқрори сулҳу оштӣ хомӯш буд. Танҳо иддаеро мебоист ба мусолиҳа овард, ки метавонист ин хомӯшиву сулҳро халалдор созад.
Ҳар бор миёни ин гуфтушунидҳо низоъву ихтилоф сурат мегирифт то ба ҷараёни оштишавӣ таъсири манфӣ расонаду оштӣ сурат нагирад ва ин ҷанги шаҳрвандӣ миёни тоҷикон хотима наёбад. Хушбахтона, 27 июни соли 1997 гуфтушуниди байни тоҷикон дар шаҳри Москва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» бо хушӣ анҷом ёфт ва созишнома имзо гардид.
Дар замони мутамаддин мафҳуми ваҳдат хеле гаронқадру ноёб ва душворрас мегардад. Имрӯз дунё аз нарасидани ин неъмат дар гирдоби моҷарову низоъҳои бемаъниву даҳшатбор қарор дорад, дигар қисмати давлатҳо ба тамоми ҳастӣ мекӯшад ваҳдату оромӣ, суботи сиёсиашонро ҳифз намоянд, то ба гирдоби ин бенизомиҳо наафтад. Зеро гум кардани он як лаҳза ва дарёфти он қариб ки барои баъзе давлатҳо имконнопазир мегардад. Имрӯзҳо чи қадар қуввату неру, заҳмату талош баҳри пойдории сулҳу субот дар Сурия, Яман, Шому Ироқ ва Афғонистону Украина масраф мешавад, вале боз қуввае онро халалдор намуда, боиси марги садҳо одамон мегардад.
Ҳазорҳо инсонҳо ватани аҷдодии хешро баҳри ҳифзи фарзандонашон тарк намуда, ба минтақаи осудаву ороме худро расондан мехоҳанд. Вале аз гуруснагиву сардӣ дар роҳ мефатанд ва ё дар роҳҳои баҳрӣ ғарқ мешаванд. Ин ҳолати фоҷиаангези инсоният дар асри XXI боиси таассуф ва нигаронии ҳар фарди солимандеша бояд бошад. Зиракиву ҳушёрии сиёсиро, ки сифати муҳими ватандорӣ маҳсуб мешавад, набояд аз даст дод.
Нақши Ваҳдати миллӣ дар таърихи тоҷикон мавқеи муҳиме дорад. Он имкон дод, ки тоҷикон дубора қомат рост намуда, ҳамчун миллати куҳанбунёд ва ҳамзамон муосир, демокративу ҳуқуқбунёд дар арсаи ҷаҳон ҷойгоҳи худро пайдо намояд ва боиси эътироф ва ба расмият шинохтани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад.
Бо кушишхои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллат сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Шахсан ман ҳамчун як зани банангу ори миллат аз сулҳу ваҳдати кишвари азизам меболам ва ифтихор мекунам ва мегӯям:
-Пояи сулҳу осоиштагӣ-Ваҳдати Миллӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор Тоҷикистони азизам ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшидааст ва такягоҳи он шудааст!
Ҳамида Юсуфова
мудири шуъбаи ташкилии
КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом










Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: