Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикон-аз гузашта то имрӯз, бо сиёсати ҷаҳонтоб

Тоҷикон-аз гузашта то имрӯз, бо сиёсати ҷаҳонтоб

8-11-2021, 09:31
Хабарро хонданд: 149 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикон-аз гузашта то имрӯз, бо сиёсати ҷаҳонтоб

Агар ба таърихи ниёгони бузургамон бингарем, дар тули ин ҳазорсолаҳо тоҷикон чун ситораҳои рахшанда ҷило дода, ҳатто дар замони ҳуҷуми Искандару ҷаррории арабҳо ва оташзании Чингизхон ғурури миллии тоҷикон ғалаба намудааст. Оилаҳои бонуфузи ин миллати номдорро беш аз беш нест мекарданд ва боз ҳам дар майдони набарду сиёсат тоҷикони далеру донишманд рӯ ба низоми ягонаи миллии хеш меоварданд. Яке аз шоҳони араб дар нигораҳои фикри хеш менависад, ки “Низоми идораи давлати тоҷикон ба дараҷае таърихӣ ва муназзам аст, ки гарчанде мо ин сулолаҳоро ғасб намудем ҳам аз истифодаи таҷрибаи онҳо орӣ нестем”.

Ҳамзамон ҳатто дар давраи давлатдории оли турктабор, махсусан Маҳмуди Ғазнавӣ эътибори тоҷикон ва забони тоҷикӣ воло шинохта мешуд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ меояд, ки Маҳмуд забони тоҷикиро забони давлатӣ эълон намуда бошад. Ва худро зодаи модари тоҷики Зобулӣ эълон намудааст. Гуё назар аст, ки инқилоби забони тоҷикӣ дар Ҳиндустон бо хидматгузорӣ ва эҳтиром нисбат ба ин забон аз ҷониби миллатҳои ғайризабони мо, махсусан оли манғит рафта бошад.

… Оли Бармакиёнро бо туҳмат нобуд карданд ва Оли Балъамӣ дар арсаи идораи давлат бархост. Ин нигоштаҳои хешро бо он мақсад рӯи коғаз овардам, ки дар ҳақиқат ин миллат сазовори таҳсин буд ва ҳасту мемонад. Яъне дар ҳар аср пайвандони боҳиммату меҳанпарвари ин миллати воло баҳри дигарон намунаи ибрат гаштаанд…

Тоҷикон аз азал озодихоҳ буданд ва муборизаро барои озходии хеш низ бурдаанд. Ба даст овардани истиқлолият, ки муаззамтарин ва муқаддастарин неъмат барои тоҷикон ва тоҷикистониён маҳсуб меёбад ба осонӣ ба даст накомадааст. Аз паёмадҳои ҷанги хонумонсӯз намехоҳам сухан гӯям, зеро таърих гувоҳ аст ва мардуми тоҷикистон аллакай бифаҳмиданд, ки зери фиреби ин бадхоҳон андак монданду бо фано гардидани ин хоки муқаддас дарк намуданд, ки хато кардаанд…Он замон нафаре даркор буд, ки сари ҳалли ин масъаларо дарёбад ва ташкили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум як ҷаҳон умед бахшид.

Баъди дар мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин Ватани озод оҳиста-оҳиста сар ба ободӣ овард. Қабули Конститутсия, муайян намудани идораи давлатӣ, ба Ваҳдат овардани қувваҳои муқобил ва ба эътидол овардани амнияти кишвар барои инсони худогоҳу бофарҳанг басанда аст. Ки ин аз хидматҳои бениёзи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Агар бобати рушди соҳаи фарҳанг ва илму маориф ҳарф занем таҷлили боҳашамату ҷаҳонтоби идҳои миллию давлатӣ, дастгирии ҳунармандон, азнавсозии макотиби кишвар, қабули зиёда аз 25 барномаҳои таълимиву касбӣ, ҷалби ҷавонон барои таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи мамолики дигар, ташкили Маркази Миллии тестӣ, ташкили озмунҳои “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат”, чоп ва дастрас гардидани китоби безаволи “Тоҷикон”-и устод Бобоҷон Ғафуров хотирмон аст.

Эҳтироми дини мубини Ислом ва умуман арҷ гузоштан ба озодии виҷдон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар басо рамзист. Таҷлилу тарғиби ҳаёту таълими Имоми Аъзам дар соли 2009, тақдими китоби Қуръон ва дигар осори таърихии ноёб, бештару бештар муҳайё намудани шароит барои иттиҳодияҳои динӣ, махсусан масҷидҳо, ки теъдодашон аз мактабҳо зиёд аст ва зиёд намудани Квотаи сафари Ҳаҷ аз эътибори ин марди накӯ шаҳодат медиҳад.

Яъне, бо як ибора гуфта метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст, ки дар дили халқи хеш бо некномиву бебокӣ ва сахививу мардонагӣ роҳ ёбад ва ҳама ӯро дӯст медоранд. Ман фикр мекунам, ки рӯҳи аҷдодони бофарҳангу солори тоҷикон Пешвои миллатро тарбият намудаанду имрӯз барои мо хидматгузор аст. Зеро дар ҳама кору пайкори хеш бо истифода аз таҷрибаи бузургони ин миллат фаъолият мекунанд.

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол

Муҳаммад Ниёззода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: