Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Наврўз-иди ниёгони мо

Наврўз-иди ниёгони мо

18-03-2022, 08:51
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
   Наврўз-иди ниёгони мо
Наврӯз дар таърих ва фарҳанги мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мақоми махсус дорад. Якчанд арзишҳои фарҳангии ниёгони мо тавассути китоби «Авасто» то ба имрӯз ба мо боқӣ мондааст. Бахусус, арабњо баъди забт намудани давлати Форс барои нест кардан ё аз байн бурдани иди Наврўз кўшишњо намуда бошанд њам, аммо мардуми ориёинажод, аз љумла тољикон расму оинњои миллати хешро аз даст надоданд. Боз андешае аст, ки дар «Авасто» омадааст, ки баъди 3000 соли подшоњии мабдаи неки- Ањура Маздо аз тарафи мабдаи бади- Ањриман таарруз мегардад. Љамшед ба мукобили Ањриман рўшноиро равона месозад ва нур бар зулмот ѓолиб мебарояд, ки он рўзро Наврўз номидаанд. Њамчунин, Наврӯз таърихи беш аз 6000 - сола дорад. Вожаи «наврӯз» аз забони паҳлавӣ сарчашма гирифта, аввал «нукруз» ном бурда шуд ва баъдан шакли наврӯзро гирифта, маънояш рӯзи нав, соли нав ё худ иди сари сол аст. Наврӯзро Иди баҳор ва арӯси сол низ мегуянд. Наврӯз айёми баробаршавии шабу рӯз, зиндашавии табиат, оғози мавсими кишту кори фасли баҳор ба ҳисоб меравад.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ниёгони мо ба хисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.
Дар гузашта Наврӯзро дувоздаҳ рӯз ҷашн мегирифтаанд. Дар панҷ рӯзи нахуст Наврӯзро бо хонавода ҷашн мегирифтаанд ва сипас аз хешону пайвандону дӯстон дидорбинӣ мекардаанд. Нӯҳум рӯз Наврӯзи Шаҳриёрон будааст. Сездаҳум рӯзро мардум аз деҳаву шаҳрҳо ба берун мерафтаву ҷашн мегирифтаанд. Ин ойин ҳануз ҳам дар Эрон бар по мешавад ва онро "сездаҳбадар" мегӯянд. Дар Афғонистон ва Тоҷикистон низ касоне сездаҳбадарро баргузор мекунанд. Акнун Наврӯз дар Тоҷикистон расман чаҳор рӯз — 21 то 24 март ҷашн гирифта мешавад. Ќайд кардан ба маврид аст, ки яке аз анъанањои љашни Наврўз, ин омода намудани таъомњои хушмазза аз алафњои бањорї дар байни тамоми занон хос аст. Имрўзњо бо њунари волои худ намудњои гуногуни таъомњоро омода мекунанд. Дар баробари рустани алафњои хушбуву шифобахш занон аз алафњои гуногуни бањорї истифода бурда, таъомњоеро мепазанд, ки на танњо бомаззаву зебо, балки барои солимии ањли хонавода фоидабахш аст. Пухтани самбусаву оши бурида, далдаву гандумкўча, намудњои гуногуни манту ва дигар таомњои алафї, ки яке аз ќадим маъмул аст бонувон аз онњо истифода мебаранд.
Инчунин яке аз сунатњои наврўзї, ин омода кардани суманак аст, ки ин нишонаи падид омадани Наврўз аст ва њар нафаре, ки Бањор, Наврўзро пешвоз мегирад, њатман аз суманак мечашад ва дар њолати чашидан, њатман даст ба дуо мебарад ва ишора мекунад, ки то ба Наврўзи дигар моро бирасонад.
Боиси таассуф аст, ки бо гузашти айём дар даврањои мухталифи таърих ба таљлили доманадори ин љашн монеа эљод карданд. Ва як муддат Наврўз љашн гирифта намешуд. Хушбахтона, бо шарофати Истиќлоли давлатї ва зањмату талошњои Сарвари давлат Наврўз имрўз бо як шањомати хос љашн гирифта мешавад. Њамчунин, бо талошњои Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Рањмон ва роњбарияти сиёсии кишварњои њавзаи Наврўз иду љашнњои ориётаборон, хосса Наврўзи оламафрўз 2 декабри соли 2009 дар ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО сабти ном гардид ва 23 феврали соли 2010 дар Иљлосияи 64 -уми СММ маќоми љањонї касб кард. Ин омил боис гардид, ки таљлили он дар манотиќи мухталифи сайёра љашн гирифта шавад.
Боиси ифтихори кул аст, ки дар тамоми мамолики олам ин љашнро бо номи тољиконаи Наврўз зиёда аз 300 миллион одам љашн мегиранд.
Хуллас, дар таърихи фарҳанги мардуми ориётабор ҳеч як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ин аст, ки ҳар сол он бо тамоми шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифта мешавад. Ин иди ниёгонӣ дорои хусусияту фарҳанги махсус буда, дар ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ бо оростани оинҳои идонаи наврӯзӣ онро бо рӯҳияи тозаву фараҳмандӣ истиқбол мегиранд.
Омадани фасли зебои бањор масъулиятро бар души инсонњо дучанд менамояд ва дар баробари зиндашавии табиат корњои созандаро анљом дода, дар ободиву шукуфоии љомеа аз дохили кошонаи худ шурўъ мекунанду даргоњашонро покиза мекунанд. Њамаи ин нишонаи он аст, ки тољикон дар гузашта низ мењнатдўст буда, бо тозагии на танњо хонаи зисти худ ва атроф, инчунин ба ботини худ таваљљуњ мекарданд ва пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек аз њамин љост.

Саида ХОЉАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: